Бисёркунҷа
Бисёркунҷа — шакли ҳандасӣ (геометриявӣ, дар ҳамворӣ), хатти шикастаи сарбаста.
Порчаҳои ин хатти шикастаро тараф, охири ин порчаҳоро қуллаи бисёркунҷа меноманд. Вобаста ба шумораи қуллаҳо бисёркунҷа секунҷа, чоркунҷа ва n-кунҷа мешавад. Агар давоми тарафи дилҳоҳ бисёркунҷаро набурад, он бисёркунҷаи барҷаста ном дорад (дар расм ҳафткунҷаи барҷаста). Агар ҳамаи тараф ва кунҷҳои бисёркунҷа баробар бошанд, бисёркунҷаро мунтазам меноманд (мас., квадрат, секунҷаи баробартараф ва ғайра). Ҳосили ҷамъи кунҷҳои дарунии Бисёркунҷаи барҷаста ба 180°•(k — 2) баробар аст (k — шумораи тарафҳо).
Муҳаққиқони қадим бисёркунҷаҳои мунтазамро бо истифодаи хаткашак ва паргор танҳо дар сурати k =3•2m, 4•2m, 5•2m, 3•5•2m (m- адади бутуни мусбат ё сифр) будан сохта метавонистанд. Риёзидони олмонӣ К. Гаусс исбот кард (1801), ки агар шумораи тарафҳо k =2m•P1•P2•… Pе бошад (дар ин ҷо P1, P2,…,Pе ададҳои гуногуни соддаи намуди P =22S+1, s-адади бутуни мусбат), бисёркунҷаи мунтазамро низ бо истифодаи паргор ва хаткашак сохтан мумкин аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бисёркунҷа // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.