Jump to content

Гренобл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Гренобл
фр. Grenoble[1]
фр. Grenoble
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Éric Piolle[d][2]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 18,13 км²[3]
Баландии марказ 212 м, 204 м[4] ва 600 м[4]
Минтақаи замонӣ Central European Time[d], UTC+1[d] ва UTC+02:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 476
Нишонаи почта 38000[6] ва 38100[6]
Коди мошин 38
grenoble.fr(фр.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гренобл(фр. Grenoble [gʁə.ˈnɔbl] ; орпитон: Grenoblo, окс. Grenòble) — шаҳр дар ҷанубу шарқи Фаронса, дар минтақаи Рена-Алп, маркази маъмурии департаменти Изер.

Дар доманаи кӯҳи Алп, дар андароби д-ҳои Изер ва Драк воқеъ аст. Аҳолиаш 160 ҳазор нафар (2014; бо аҳолии атрофаш 675,1 ҳазор нафар). Маркази бузурги р. о., фурудгоҳи байналмилалии ба номи А. де Сент-Экзюпери дорад. Аввалин маҳаллаи Кулароро қабилаҳои галли аллоброгҳо дар асри 1 бунёд кардаанд. Соли 377 шаҳр ба шарафи император Глатсиан Гратсианопол номгузорӣ шуд. Баъд ба ҳайати шоҳии Бургундия (асри 6 — миёнаи асри 9), шоҳии Арелат дохил шуд; аз асри 11 мулки граф Вйенск буд. Соли 1349 ба Фаронса ҳамроҳ карда шуд ва пойтахти музофоти Дофин гардид. Соли 1925 дар Гренобл намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ баргузор шуд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-45) онро лашкари Итолиё ва Олмон истило намуданд. Соли 1968 дар ин ҷо Бозиҳои олимпиадаи зимистона баргузор гардид. То миёнаҳои асри 20 маркази бузурги саноати вазнин буд. Дар Гренобл саноати электротехкина ва электронӣ, иттилоотию технологӣ, кимиё, селлюлозаю коғаз, филизкорӣ, мошинасозӣ рушд кардааст. Маркази таҳқиқот оид ба физика, математикаи амалӣ, технологияи компютерӣ, микро- ва нанотехнология (нинатек). Дар Лауэ-Ланжевена бузургтарин Институти таҳқиқоти реактори ҳастаӣ фаъолият дорад. Дар Гренобл донишгоҳҳои Жозеф Фурйе (илмҳои табиӣ), Стендал (забоншиносӣ, адабиёт), Институти миллии политехникӣ мавҷуданд. Қисми зиёди Гренобл дар водии дарёи Изер, ноҳияи Бастий дар нишебии кӯҳҳо (дар баландии 600 м; роҳи симӣ дорад) ҷойгир шудааст. Дар қисмати кӯҳии Гренобл силсилаи истеҳкомии Форт-де-Бастий (асрҳои 16-19) воқеъ аст, ки аз он манзараи зебои Гренобл ва Алп намудор аст. Дар қисмати куҳнаи Гренобл майдони марказии Сент-Андре бо қасри адлия (собиқ қасри Дофин, асрҳои 15-16), масҷиди ҷомеи Нотр-Дам-де-л Эсперанс (асрҳои 11-13), ноқусхона (асри 12), қасри усқуф (асри14), калисоҳои Сен-Лоран (асри 12) ва Сент-Андре (асри 13) ҷойгир аст. Дар маркази шаҳр дар атрофи майдони Виктор Ҳуго Бурҷи Перре (1925; 80 м), шаҳрчаи олимпӣ (1968), маҳаллаи аврупоӣ (Европол, солҳои 1990) сохта шудаанд. Дар Гренобл осорхонаҳои шаҳрӣ, рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ, таърихӣ, табиӣ, бостоншиносӣ мавҷуданд. Бо истеҳсоли маҳсулоти қаннодии чормағздор машҳур аст (Нуа-де-Гренобл). Дар минтақаҳои кӯҳии ҳамсоя 20 маркази лижаронии кӯҳӣ (аз ҷумла Сапей-ан-Шартрёз) мавҷуд аст. Нависандаи бузурги фаронсавӣ Стендал дар ҳамин шаҳр зода шудааст ва осорхонаи инфиродии ӯ дар Гренобл мавҷуд аст.