Jump to content

Ҳанг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намоди стандарти НАТО барои ҳанг

Ҳанг (форсӣ: هنگ‎) — ягоне тактикӣ ва идориву иқтисодӣ дар шохаҳову зершохаҳо ва ягонҳои вижаи нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки хурдтар аз гунд буда ва маъмулан аз ду – чаҳор гурдон ташкил мешавад[1]; полк[2][3].

Истилоҳи «ҳанг» бо равиши пасинсозӣ (англ. back-formation) аз вожаи «сарҳанг» (порсии миёна: «sarhang» аз порсии бостон: *sar(a)- «сар» + √θang- «кашидан; ҳанҷидан, оҳехтан»[4]) сохта шудааст. «Сарҳанг» дар дастнавиштаҳои суғдӣ, ки аз садаҳои VIII — X милодӣ боз мондаанд[5], «srδ’nk; srδnng; srϑng» навиштаву [sarθang] хонда мешуда ва маънояш «фармондеҳ, сардор, сарҳанг, сарвар» будааст[6]. Дар порсии миёна низ «sarhang» ‘сардор, фармондеҳ’ буда ва ин маъниро дар форсии дарӣ низ нигаҳ доштааст[7]. Дар сипоҳи Сомониён ва Ғазнавиён сарҳанг сардору фармондеҳи фавҷ — бахше аз лашкарро мегуфтанд. Аз ин рӯ, аз дер боз «сарҳанг»-ро сохташуда аз ду вожа – «сар» (‘сардор’) + «ҳанг» (форсӣ: هنگ‎ «сипоҳ, лашкар» > порсии миёна: hang «нерӯ, зӯр») шумурдаанд. Чунончи, фарҳанги «Ғиёсу-л-луғот», ки дар соли 1826 милодӣ навишта шудааст, ба нақл аз фарҳангу вожаномаҳои куҳантари «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» (1608), «Бурҳони Қотеъ» (1652), «Фарҳанги Рашидӣ» (1654), «Баҳори Аҷам» (1739), «сарҳанг»-ро чунин таъриф кардааст: «Кӯтвол ва ваҷҳи тасмия он, ки сар ба маънии сардору амир ва ҳанг ба маънии сипоҳ»[8]. «Фарҳанги Онандроҷ» низ, ки дар соли 1888 дар Ҳинд таълиф шудаву яке аз беҳтарин фарҳангҳои форсӣ аст, дар таърифи «сарҳанг» овардааст: «сардору пешрави лашкару сипоҳ, чи ҳанг ба маънии сипоҳ низ омада». Ҳамин таъриф дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ оварда шудааст[9].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «ҳанг» ва «сарҳанг»-ро ҷойгузини истилоҳоти арабии «фавҷ» ва фаронсавии «кулунел» (форсӣ: کلنل‎ > фр. colonel) ва «режимон» (форсӣ: رژیمان‎ > фр. régiment) кард[10]. «Ҳанг» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» низ ба маънои «сипоҳ, лашкар, полк» оварда шудааст[11]. Аз ин рӯ, истилоҳоти «ҳанг» ва «сарҳанг» барои ҷойгузин кардани вомвожаҳои русии «полк» ва «полковник» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[12].

Ҳанг ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «ҳазора» (порсии бостон: *hazāra-) номида мешуда ва онро «ҳазорабад» (порсии бостон: *hazārapati-) фармондеҳӣ мекард[13]. Ҳазора аз 10 сада (порсии бостон: *θata-) ташкил мешуд ва 1 000 сарбозро дар бар мегирифт. Ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ дирафш (порсии бостон: «drafša-») дошт[14]. Аз ин рӯ, дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[15], ҳазора «дирафш» (порсии миёна: drafš) ном гирифта ва сардори он «дирафш-солор» (порсии миёна: drafš-sālār) хонда мешуд[16]. Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар дирафш аз ду вашт (порсии миёна: «wašt») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбозро дар бар мегирифт[17].

Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд ва бархеро низ бо истилоҳоти арабӣ ҷойгузин карданд. Чунончи, ар. «عسکر» [аскар]‎ аз порсии миёна: laškar, ар. «جند» [ҷунд]‎ аз порсии миёна: gund ва ар. «فیج» [файҷ]‎ аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[18], вале «дирафш» ҷояшро ба «фавҷ» (ар. فوج‎) додааст.

Бархе аз истилоҳоти низомии порсии миёна дар сипоҳи Сомониён (819999) низ ба кор мерафтанд, ки бузургвор Фирдавсӣ онҳоро дар «Шоҳнома» овардааст. Чунончи, сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Сомониён «сипаҳсолор» (форсӣ: «سپه‌سالار‎»‎) ва фармондеҳи фавҷ «сарҳанг» (форсӣ: «سرهنگ»‎) номида мешуданд[19]. Сарҳанг ҳамакнун яке аз дараҷаҳои афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо полковник дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.

  1. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – саҳ. 202. 10 августи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  2. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 112.
  3. Коллектив авторов. статья «Полк» // Военная энциклопедия / под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — Т. 6. — С. 483—490. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  4. L. G. Herzenberg. Studies in Persian Etymology II. — p.26
  5. Рагоза А.Н. Согдийские фрагменты Центрально-Азиатского собрания Института Востоковедения. – М.: Наука, 1980. – с. 27; 54
  6. Қариб, Бадруззамон. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ-форсӣ-инглисӣ). — Теҳрон: «Фарҳангон», 1995. ISBN 964-5558-06-9. — с. 361 – 362
  7. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома. سرهنگ
  8. Ғиёс-ул-луғот. Таълифи Ғиёсиддин Муҳаммад ибни Ҷалолиддин ибни Шарафиддин Ромпурӣ (ба соли 1242 ҳиҷрии қамарӣ); бо ҳавошӣ ва изофот, ба кӯшиши Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, Теҳрон, 1337 хуршедӣ, ҷилди 2, сод – ё. — с. 545
  9. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 730.
  10. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 26 Декабри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  11. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 515.
  12. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  13. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 57
  14. E. Pottier, Douris et les peintres de vases grecs, London, 1909, p. 105 fig. 20, Plate XXV.b
  15. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  16. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  17. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  18. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  19. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.