Мақбара
![]() |
![](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/1/14/Recoleta_115.jpg/220px-Recoleta_115.jpg)
![](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/a/a4/Mausoleum%2801%29.jpg/220px-Mausoleum%2801%29.jpg)
Мақбара (лот. mausoleum — аз юн.-қад. Μαυσωλεῖον[1]; ар. مزار — мазор, форсӣ. — آرامگاه — оромгоҳ, مقبره — мақбара) — ёдгорӣ, бинои дафн, ки камераи ҷасади мурда ва баъзан толори хотираро дар бар мегирифт. Аз мадфани шоҳи Кария-Мавсол (вафоташ миёнаи садаи IV то мелод) ном гирифтааст. Мақбараҳо аввал дар Руми Бостон ва баъдтар (асрҳои миёна) дар Шарқ низ бо андаке тағйири шаклу мазмун роиҷ гаштанд. Тоҷмаҳал дар шаҳри Аграи Ҳиндустон, Гӯри Мир дар Самарқанд ва ғайра. Дар меъмории ҳозиразамон шакли нави Мавзолей ба вуҷуд омад:ба он минбар илова шуда, вазифаи ҷамъияти гирифт (Мавзолейи Владимир Ильич Ленин дар Москва; Мавзолейи Г. М Димитров дар София; соли 1949, меъморон Г. Овчаров ва Р. Рибаров; Мавзолейи Сухэ-Батор ва Чойбалсан дар Улан-Батор, солҳои 50, меъморон Б. С. Мезенцев, Чимад ва ғайраҳо).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Словарь русского языка в 4-х томах. Т. 2. — 1999(пайванди дастнорас — таърих).