Галенит
Галенит | |
---|---|
Формула | PbS |
Примесь | Ag, Cd, Se |
Физические свойства | |
Цвет | Свинцово-серый |
Цвет черты | Серо-чёрная |
Блеск | Металлический |
Прозрачность | Непрозрачный |
Твёрдость | 2,5–3 |
Спайность | Совершенная по {111} |
Излом | Ступенчатый |
Плотность | 7,4—7,6 г/см³ |
Сингония | Кубическая |
Галени́т (аз лот. Galena — маъдани сурб) — минерал, сулфиди сурб (PbS; аз 86,6% Pb ва 13,4% S иборат аст). Дар таркибаш унсурҳои зиёди омехтаҳои изоморфӣ (Ag, SB, Se, Te) ва механикӣ (Cu, Zn, Bi, Fe, As, Mo, Mn, U ва ғайра) дорад.
Системаи кристаллбандиаш кубӣ. Сохтори кристаллиаш ба сохтори галит монанд буда, кристаллҳояш аксар дар шаклҳои гексаэдр, октаэдр мешавад ва комбинатсияи онҳоро доранд. Дар шакли кристаллҳои хуб ташаккулёфта ва ба намуди доначаҳо ва кристаллҳои мухталиф дар ҷисми кварс, карбонатҳо ва минералҳои дигари сулфидӣ дучор меояд. Рангаш хокистарӣ – сурбӣ. Ранги хокааш сиёҳи хокистарӣ. Ҷилояш филиззӣ. Сахтиаш 2,5, зичиаш 7400–7600. кг м3, зудшикан. Вазни хоссаш 7,6. галенит асосан дар конҳои ҳидротермалӣ ва баъзе конҳои таҳшинӣ ҳамроҳ бо сфалерит (Zn S), пирит (Fe Sr), халкопирит (Сu Fes), арсенопирит (Fe AsS), борит (Ba So4), флюорит (Ca Fr) ва ғ. дучор меояд. Дар минтақаҳои фарсоиш галенит бо пардаи анизит (Pb SO4) пӯшида мешавад.
Корбурд
[вироиш | вироиши манбаъ]Конҳои галенит дар ИМА, Хитой, Русия, Ӯзбекистон, Қафқози Шимолӣ, Қазоқистон, шимоли Тоҷикистон (Кони Мансури Калон, Зарнисор) кашф шудаанд. галенит маъдани асосии сурб мебошад, вале аз он дар бисёр мавридҳо нуқра, висмут, таллиум ва дигар унсурҳои нодир низ истеҳсол мекунанд. Беш аз 60 дарсади сурбро мамлакатҳои тараққикарда барои истеҳсоли аккумуляторҳои автомобил, пайвастагиҳои сурбро барои тоза кардани нафт, истеҳсоли ранг (белилаи сурбӣ), оксиди сурбро барои истеҳсоли шишаи махсус (хрустал), рӯпӯш намудани симҳои зеризаминӣ ва ғ. истифода мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Костов И. Минералогия. М., 1971;
- Булах А. галенит Минералогия с основами кристаллографии. М., 1989;
- Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Галенит / М. Ҷанобилов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.