Боғчасарой
Шаҳр | |||
укр. Бахчисарай қри.: Bağçasaray, {{{2}}} | |||
|
|||
Кишвар | Украина | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 300 ± 1 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+02:00 ва UTC+03:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Забони расмӣ | Забони тотории қримӣ, укройнӣ ва русӣ | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Нишонаи почта | 98400 — 98408 | ||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Боғчасарой (укр. Бахчисарай, қри.: Bağçasaray, Багъчасарай, {{{2}}}) — шаҳр, маркази ноҳияи Боғчасаройи вилояти Қрими Ҷумҳурии Украина. Аҳолиаш 28 ҳазор нафар (2011).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Боғчасарой дар аввали садаи XVI бунёд гардидааст. То ба империяи Россия ҳамроҳ шудан (1783) пойтахти хонигарии Қрим буд. Соли 1519 маҷмааи Қасри хон (Хонсарой) сохта шуд. Ин қаср баъди сӯхтор дар садаи XVIII аз нав барқарор ва тармим гардид. Дар бунёд ва ороиши он дар аввали садаи XVI меъмори итолиёӣ Алевиз Фрязини Нав ширкат ва роҳбарӣ кардааст. Ба ин маҷмаа «Фаввораи тилоӣ» (1737), «Фаввораи ашк» (1764; бо роҳбарии меъмори форс Умар) дохил мешавад, ки онро шоири рус А. С. Пушкин (шеъри «Фаввораи Боғчасарой») ва шоири полшагӣ А. Мискевич дар шеъри худ васф кардаанд.
Ёдгориҳои таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қасри хон то имрӯз яке аз ёдгориҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёти Боғчасарой нақши муҳим дорад.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Истгоҳи рроҳи оҳан ва шоҳроҳи автомобилгард (Симферопол – Севастопол) дорад.
Дар Боғчасарой комбинати «Стройиндустрия», заводҳои шаробпазӣ, шарбати мева, шир, нон ва соҳаи анҷибарпарварӣ фаъолият доранд. Дар наздикии Боғчасарой, дар шаҳраки Научный (Илмӣ) расадхонаи ахтаршиносӣ ва физикаи Қрим воқеъ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боғчасарой // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.