Jump to content

Анаболизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анаболи́зм (аз юн. ἀναβολή, «бардоштан») ё мубодилаи пластикӣ — раванди химиявиест, ки дар организми рустаниҳо ба вуқӯъ мепайвандад.

Анаболизм барои аз муҳит гирифтану дар ҳуҷайра ҳосил кардани моддаҳои мураккаби биологӣ зарур буда, бо истифода аз энергия ҷараён мегирад. Рустанӣ аз муҳит модда ва энергияи заруриро гирифта, навъи дигари энергияро хориҷ мекунад ва ҳамин тавр, байни рустанӣ ва муҳит мубодилаи чандтарафа ва доимии моддаҳо ба амал меояд. Анаболизм бо катаболизм, ки ҳангоми он моддаҳои мураккаб таҷзия шуда, барои онтогенези рустанӣ энергияи зарурӣ хориҷ мекунанд, сахт алоқаманд аст.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Биологический энциклопедический словарь / глав. ред. М. С. Гиляров. — М.: Советская энциклопедия, 1986. — С. 25.