Jump to content

Алебастр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алеба́стр (аз юн. ἀλάβαστρος) — номи ду минерали гуногун: гаҷ (диаквасулфати калсий) ва калсит (карбонати калсий).

Аввалӣ – алебастр (алавастор)-ест, ки мо ҳар рӯз истифода мебарем, дуюмӣ номи минерал аст. Ин ҳар ду аз ҳамдигар аз рӯи сахтӣ фарқ мекунанд. Гаҷ хеле нарм буда, онро бо нохун (сахтиаш 1,5 – 2) ва калситро ба осонӣ бо корд харошидан мумкин аст (сахтиаш нисбатан зиёд – 3). Алебастри калситӣ, ки, одатан, алебастри шарқӣ ном дорад, аз давраи қадим истифода мешавад. Қабатҳои тунуки онро дар калисоҳо дар асрҳои миёна ба сифати шиша истифода мебурданд. Ин намуди алебастр аз таҳнишастҳои сталагмитӣ дар хоки оҳаксанг ба вуҷуд омадааст ё як намуди травертон мебошад. Алебастр г а ҷ д о р минералест, ки дар бисёр давлатҳои дунё вомехӯрад. Ин намуди алебастр низ аз давраҳои қадим корбаст мешавад. Алебастри гаҷдорро бо роҳи тафсондани гаҷи табии обаш дучанда CaSO4 × 2H2O то ҳарор. 150 – 180 °C дар дастгоҳҳои махсус ҳосил мекунанд. Дар натиҷа ин минерал ба CaSO4 × 0,5 H2O табдил меёбад, ки дар сохтмон ва тиб васеъ истифода мешавад. Алебастри сиёҳ шакли нодири минерал буда, асосашро гаҷ ташкил медиҳад. Он танҳо дар се давлати дунё: ШМА, Италия ва Хитой ёфт шудааст. Дар мавзеи Фрид (Оклахома, ШМА) чанд намуди алебастр, аз он ҷумла алебастри сафед, гулобӣ ва сиёҳ ёфт шудааст. Алебастри гаҷ дар сохтмон барои андова кардани девору сақфи бино, истеҳсоли плитаҳои гаҷӣ ва гипсокартон истифода мешавад. Ҳангоми омехта кардан бо об алебастр зуд сахт шуда, боз ба гаҷ табдил меёбад.