Jump to content

Абулхайрхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулхайрхон
ابوالخير
Хони хонигарии ӯзбекҳо
1428 — 1468

Таваллуд тақрибан 1412
Даргузашт 1468
Дудмон Shibanids[d]
Падар Devlet Sejk[d]
Ҳамсар Rabiya Sultan Begim[d][1]
Фарзандон Кӯчкунҷухон[d], Suyonchkhodja khan[d], Shaikh-Khaidar[d] ва Xah Budah Sultan[d]
Эътиқод ислом

Абулхайрхон (14141469) — хони ӯзбек, аз сулолаи Ҷуҷ.

Давлати пурҳашамати ҳудудаш аз Сибири Ғарбӣ то Сирдарёро таъсис дода, дар он қабилаҳои кӯчманчии қипчоқу ӯзбек (ва ғайра)-ро муттаҳид намуд ва яке аз асосгузорони давлати феодалӣ гардид. Соли 1446 чандин шаҳру қалъаҳои гирду атрофи Сирдарёро забт карда (Оққӯрғон, Арқуқ, Ғзганд, Сиғноқ), соли 1447 пойтахтро аз Сибир (Тура) ба Сиғноқ кӯчонд. Соли 1431 Хоразмро забт кард ва соли 1448 кӯчманчиёни ӯзбеки Мовароуннаҳрро ба ҳудудашон пайваст. Солҳои 14631464 аз тарафи қалмиқҳо шикаст хӯрд. Баъди маргаш давлат пароканда гардид, вале баъдтар аз тарафи наберааш Муҳаммад Шайбонихон барқарор карда шуд.