Точикистон - Таҳқиқот Бо Муҳоҷирони Ба Ватан Баргашта (Даври 3)

Share

Download

Share

Contact
DTM REMAP Support Team ([email protected]); MTM Tajikistan ([email protected])
Language
Tajik
Location
Tajikistan
Period Covered
Jun 26 2024
Aug 25 2024
Activity
  • Survey
  • Baseline Assessment

МПҲ тадқиқот бо муҳоҷирони баргаштаро дар Тоҷикистон бо муҳоҷирони баргаштаи байналмиллалӣ дар 12 шаҳрҳо ва ноҳияҳои 5 минтақаи Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Маконҳои пурсиш дар асоси натиҷаҳои Арзёбии Ҳаракати Ибтидоӣ (АҲИ) интихоб шудаанд. Пурсишномаи таҳқиқот дар асоси таҳқиқотҳои қаблии СБМ дар Осиёи Марказӣ ва бо машварати мутахассисони соҳавӣ, ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар, таҳия шудааст. Пурсишномаи тадқиқот саволҳое доир ба профили иҷтимоию иқтисодӣ, таҷрибаи муҳоҷират, вазъи шуғл, маблағҳои интиқолӣ, ниёзҳо ва осебпазириро дар бар гирифтааст.

Дар даври сеюм мусоҳибаҳо бо 2,186 муҳоҷирони баргашта (аз моҳи июн то моҳи августи соли 2024) гузаронида шуд. Бозёфтҳои асосӣ дастовардҳои муҳимро доир ба вазъи онҳо нишон медиҳанд. Аксарияти муҳоҷирони бозгашта, яъне 97 дарсад аз Федератсияи Русия баргаштаанд. Ғайр аз ин, 44 дарсади посухдиҳандагон гузориш додаанд, ки маълумоти миёна доранд, дар ҳоле, ки 63 дарсади посухдиҳандагон худро таъминкунандагони асосии оилаҳои худ меҳисобанд. Шумораи зиёди муҳоҷирони баргашта, яъне 45 дарсад, қаблан дар соҳаи сохтмон фаъолият доштаанд. Илова бар ин, 53 дарсади муҳоҷирони баргашта иброз намудаанд, ки мехоҳанд байни кишварҳои бозгашта ва Тоҷикистон гардиш кунанд.