Jump to content

Фарангис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фарангис
Падар Афросиёб
Ҳамсар Сиёвуш
Фарзандон Кайхусрав
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома
Фарангис ва Кайхусрав дар ҳоли убур аз рӯди маъруфи марзи Эрон ва Турон

Фарангис (форсӣ: فرنگیس‎), ё Фригис (форсӣ: فریگیس‎‎) — яке аз шахсиятҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, духтари Афросиёб, ҳамсари Сиёвуш ва модари Кайхусрав.

Ӯ мувофиқи ривояти Фирдавсӣ, зани фидокору ҷасур аст. Ҳангоми азми куштани Сиёвуш кардани падараш барои раҳонидани шавҳараш аз марг кӯшиши зиёд намуд. Вале Афросиёб Сиёвушро ба қатл расонид ва амр дод Фарангисро то афтодани тифли дар шикамаш буда бизананд. Пирони Виса ӯро аз марг наҷот дод. Бар ивази ин некӣ Фарангис ҳам Пиронро аз марг раҳонид. Фарангис Кайхусравро ба дунё овард ва пас аз чанд сол ҳамроҳи паҳлавони эронӣ — Гев, ки бо талаби Кайхусрав омада буд, ба Эрон рафт. Фарангис то охири умр ба Сиёвуш содиқ буд.