Jump to content

Балх

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Балх
форсӣ: بلخ‎, пашту: بلخ
36°45′29″ с. ш. 66°53′56″ в. д.HGЯO
Кишвар  Афғонистон
Вилоят Балх
Ноҳия Балх
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 365 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 77 000 тан (2006)
Забони расмӣ дарӣ
Балх дар харитаи
Балх
Балх
 Парвандаҳо дар Викианбор
Масҷиди Сабз дар Балх

Балх (балхӣ: βαχλο < порсии миёна: Bāxl, Bālx < порсии бостон: Bāxtrī- < авестоӣ: Bāxδī- < эронии бостон: *bāxθrī- < ҳиндуэронӣ: *ˡbag-: bajбахш, пора’)[1] — шаҳру ноҳияе дар қисмати шимоли Афғонистони имрӯзӣ, инчунин маркази бузурги фарҳангию иқтисодие дар ҳудуди Хуросони Бузург. Балхи кунунӣ вилояти нисбатан хурде дар Афғонистон аст, ки аз шимол бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷануб бо вилоятҳои Самангону Ҷузҷон, аз шарқ бо вилояти Самангон ва аз ғарб бо вилояти Ҷузҷони Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Марказаш Мазори Шариф. Қаламрави шаҳри Балхи бостонӣ аз ҳудуди вилояти Балхи муосир фарқ мекунад.

Аз назари таърихӣ, Балх дар аҳди қадим аз шаҳрҳои муҳимме дар маҳалли бархӯрди роҳҳои тиҷоратии байни Шарқу Ғарб қарор дошта, тамоми заминҳои кишоварзӣ, боғу воҳаҳои он аз дарёи Балхоб обёрӣ мешуданд. Дар аҳди қадим Балх аз вилоятҳои Эрон ба шумор мерафт, ки дар шимол бо сарзамини Суғд, дар ҷануб ва ҷанубу шарқ бо Арахосия ва Ҳедрузия (Мукрону Сиистон), дар ғарб бо Марғиёна ҳаммарз будааст. Тибқи иттилои маъхазҳо, Балхи Эрони бостон беш аз як млн ҷамъият дошта, шукуфоии иқтисодияш ончунон буда, ки юнониён онро «Ҷавҳари Эрон» тавсиф намудаанд. Балх, ҳамчунин, маркази муҳимми таърихию фарҳангӣ, қадимтарин мавзеи кишоварзӣ, маҳди илму маърифат, ҳикмату ирфон ва қароргоҳи яке аз давлатҳои ҳеллинистӣ (Давлати Юнону Бохтар) мебошад, ки дар осори таърихӣ бештар таҳти номи Бохтар маълуму машҳур гардидааст. Давлати Юнону Бохтар, то сари қудрат омадани давлати Кушониён, дар саҳнаи таърих ҷилванамоӣ кард. Дар аҳди севумин шоҳи Кушониён — Канишка ҳудуди он саросари Афғо­нистон, бахши бузурги Осиёи Марказӣ, Туркистони Шар­қиро дар бар мегирифт, ки пойтахти он Шаҳрпур (Пешовари кунунӣ) буд. Дар оғози зуҳури давлати Сосо­ниён Балх дар ихтиёри ҳокимони маҳаллии давлати Кушониён буд. Дар бораи он ки Ардашери Бобакон гӯё Балхро таҳти тасарруфи худ дароварда бошад, маълумоти кофие дастрас нест. Табарӣ нигоштааст, ки вақте Ардашер давлаташро созмон медод, аввал Сиҷистон, сипас Гургону Абаршаҳр ва Марву Балхро гирифта, баъдан то ба дарунтарин ноҳияҳои сарзамини Хуросон расид. Вале Нёлдеке таъкид мекунад, ки Балх дар ин фосилаи замонӣ пойтахти як давлати бегона буд. Баҳроми Гӯр пас аз пирӯзӣ бар Хоқони турк бародари худ Карсайрро ҳокими Хуросон таъйин карда, фармон дод, ки дар Балх зиндагӣ кунад.

Маъхазҳои арманӣ Балхро хостгоҳи аслии Ҳайтолиён медонанд. Дар аҳди Хусрави Анӯшервон (531—579) шаҳрҳое, ки марбути Эрон маҳсуб мешуданд, Балхву чанд шаҳ­ри дигар буданд, ва таҳти унвонҳои «Шаҳрҳои шарқӣ» («Балхи Шойгон») дар адабиёти хаттӣ ёд шудаанд.

Балх дар рӯзгори Ҳурмузи IV (589—580) яке аз марказҳо ва посгоҳҳои мудофиавии Эрон ба шумор мерафт. Дар аҳди Хусрави Парвиз Балх дар сарҳад­ди хоқонати ғарбӣ ва маҳдудаи фармонравоии Хоқони турк воқеъ гардида буд. Соли 631 гурӯҳе аз туркони хоқонати ғарбӣ Балхро муҳосира карданд, вале марги сарлашкарашон барномаи ғо­рати онро барҳам дод.

Азбаски Балх дар чаҳорроҳи Роҳи Абрешим қарор дошт, маҳалли асосии зарби сиккаҳо дар аҳди кушонию сосониён буд. Сиккаҳои бисёри пайдошуда, ки вожаҳое ба забони паҳлавӣ (форсии миёна) дар онҳо навишта шудаанд, аз инкишофи муносибатҳои бозаргонӣ дар ин минтақа башорат медиҳанд. Балхро шаҳри муқаддас низ номидаанд. Дар яке аз ривоятҳои куҳан омада, ки Зардушт ба Балх назди Гуштосп рафту паёмҳои динии худро дар ин сарзамин арза дошт. Аз ин рӯ, В. Н. Дяконов Балхро нахустин марказ ва маҳалли пайдоиши ойини зар­душтӣ медонад ва иттилоъ медиҳад, ки дар фаргарди (боби) Вандидод аз Балх ба унвони кишвар ва беҳтарин сарзамину шаҳрҳои офаридаи Аҳура Маздо ёд шудаасту онро дорои мардуми муъмини ойини зардуштӣ медонанд. Гурӯҳе аз муҳаққиқон онро маҳалли тадвини Готҳо ба қалам додаанд (ниг. Аредвисура). Аз зери хоки ин шаҳр бостоншиносон муҷассамаи Аноҳиторо берун овардаанд, ки гувоҳи ноҳидпарастӣ дар аҳди қадим дар ин сарзамин мебошад.

Забони мардуми Балх забоне аз гурӯҳи забонҳои эронии қадим буд, ки баъдан бо номи забони дарӣ машҳур шуд. Дар сиккаҳои мансуб ба аҳди қадими аз минтақаи Балх пайдошуда матнҳое ба забонҳои юнонӣ, паҳлавӣ ва браҳманӣ низ сабт гардидаанд.

Балх дар замони ҳуҷуми арабҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин ба Балх баъди пирӯзии онҳо дар Наҳованд (соли 643), дар охирҳои хилофати Умар, сурат гирифт. Вале дар ҳуҷуми аввал арабҳо ба муваффақият ноил нашуда, танҳо пас аз 10 сол, дар аҳди хилофати Усмон, ҳуҷумҳои густардае ба Хуросон карданд. Аҳнаф ибни Қайс баъди тасарруфи Марв ҷониби Балх шитофта, онро муҳосира кард. Мардуми Балх бо пардохти 400 ҳазор дирҳам бо аъроб сулҳ бастанд. Дар замони хилофати Алӣ ибни Абитолиб ва Муовия чандин бор фармонравоёни маҳаллии Хуросон ба ошӯби муқобили арабҳо даст заданд, вале ҳар дафъа шӯриш саркӯб мешуд. Бо вуҷуди ин, нооромиҳои Хуросон поён намеёфтанду аъроб маҷбур мешуданд, ки дар ин сарзамин барои пахши шӯриш­ҳо ва таъмини амнияти Балх ва Тахористон то 50 ҳазор нафар ҷангии худро нигоҳ доранд. Якчанд шӯриш бо фитна анҷомиданд ва мувофиқи маълумоти Табарӣ, ҳангоме ки Ибни Қутайба вориди Балх шуд, мардум ба пешвозаш баромаданд. Баъди фаро расидани оромиши нисбӣ барои бозсозии харобиҳои Балх шахсеро аз хонадони Бармакиён масъули ободонии он таъйин карданд. Солҳои 734—746 дар Хуросон мурҷия ғалаба карда, роҳбари мурҷиён Ҳорис ибни Сурайҷ яке аз наздикони худ — Абдуллоҳ ибни Ҳозимро волии Балх таъйин намуд. Ӯ маркази ҳукумати Хуросонро аз Марв ба Балх кӯчонд ва шаҳри Балх муҷаддадан ба маркази адабию фарҳангӣ табдил ёфт. Дар ҳамин фосилаи за­монӣ робитаи иқтисодию фарҳангии шаҳри Балх бо Хатлон ва ҳаволии он барқарор шуда, ҳамчун маркази адабию фарҳангию ҳунарӣ аз шаҳрҳои марказии Куфаву Басраи араб­­ҳо монданӣ надошт. Балх ҳам маркази илму адаб, ҳам маркази ҳикмату фасоҳат буд. Мадрасаи Низомияи Балх беҳтарин маркази таълимотӣ ба шумор мерафт. Шаҳри Балх зодгоҳи бузургони илму адаб Шақиқи Балхӣ, Абулмуъмини Балхӣ, Рашиди Ватвот, Бурҳонуддини Балхӣ, Иброҳими Адҳам ва суфиёни машҳур, монанди Салмони Соваҷӣ ва Неъматуллоҳи Валӣ мебошад. Теъдоде аз донишмандон маншаи ирфони исломиро маъбади «Навбаҳор»-и Балх медонанд. Мавлоно Камолуддини Румӣ низ зодаи Балх аст, ки дар тасаввуф мақомаш аз Ибни Арабӣ камтар нест.

Дар аҳди Аббосиён вазъи Балх беҳтар шуд. Баъди барафтодани нуфузи хонадони Бармакиён Ҳорунаррашид Исо ибни Моконро волии Балх таъйин кард. Азбаски номбурда зулму ситамро ба аҳолӣ бештар намуд, халифа зуд ӯро сабукдӯш кард. Балх дар давраи Тоҳириён ҳамчун маркази идорӣ нуфузи худро аз даст дод. Марказ ба Нишопур интиқол ёфт.

Балх дар асрҳои миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷуғрофиёдонони асрҳои миёнаи Балхро ба унвони шаҳру ноҳияи ободе ёд кардаанду яке аз бахшҳои чаҳоргонаи Хуросон Уммулбилодаш номидаанд. Яъқубӣ (асри 10) Балхро бузургтарин шаҳри Хуросон хонда, пайваста гузориш додааст, ки шомили ду бахш — шаҳристон ва рабаз мебошад, ки дар гирди ҳар як деворе кашида шуда буд. Фосилаи байни қалъаи шаҳристону ра­баз як фарсах будааст. Ҳисори Шаҳристон 4 дарвозаву ҳисори рабаз 12 дарвоза ва 12 фарсах тӯл доштааст. Берун аз девори рабаз рустову мазраае вуҷуд надошта ва регистони хушке шаҳрро иҳота мекардааст. Ҷуғрофиёдонони асрҳои миёна Истах­рӣ ва Ибни Ҳавқал овардаанд, ки Балх дар аҳди ислом дорои 7 дарвоза (Навбаҳор, Раҳба (Майдон), Ҳадид, Ҳиндувон, Яҳуд, Шастбанд ва Яҳё) будааст. Дар Доиратулмаорифи «Ираника» зикр шудааст, ки вуҷуди дарвозаи Ҳиндувон дар ин шаҳр аз мавҷудияти ҳиндувон башорат дода, номи дарвозаи Яҳуд нишондиҳандаи вуҷу­ди ҷамо­ати яҳудӣ дар Балх мебошад. Бозори Балх пеш аз ҳуҷуми муғулҳо маркази муҳимми тиҷорату савдо будааст. Аз ин шаҳри транзитӣ корвонҳои Роҳи Абрешим мегузаштанду ба ин шаҳр аз Ҳинд гиёҳҳои доруӣ, атриёт, шакар ва навъҳои гуногуни матоъҳои гаронбаҳоро меоварданд. Тоҷирони туркистонӣ матоъҳои абрешимӣ, сангҳо ва филиззоти гаронбаҳоро дар Балх ба фурӯш мегузоштанд.

Балхоб мояи равнақи кишоварзӣ дар Балх буда, ба 12 шоха тақсим мешуд ва боғу мазрааҳои ҳаволии шаҳрро обёрӣ мекард. Дар масири ин рӯдхона 10 осиёи обӣ сохта шуда, онҳоро «Даҳос» («Даҳ осиёб») мегуфтанд. Яъқуби Лайс соли 872 ба Балх ҳуҷум оварда, бисёр аҳолии онро кушт. Авзои Балх дар замони Саффориёну Сомониён чандон маълум нест.

Бо шикасти Сомониён Ғазнавиён ба сари ҳоки­мият омаданд. Маҳмуди Ғазнавӣ зоҳиран таваҷҷуҳи хоссе ба Балх дошта, дар ин ҷо, бар иловаи «Бозори ошиқон», боғи бузурге бо иморатҳои зебо сохта буд. Дар боғ анвои гуногуни мева ва ҳатто найшакар мерӯёниданд. Дар охирҳои салтанати Масъуди Ғазнавӣ туркони салҷуқӣ ба Балх ҳуҷум карданд. Дар ҳамлаи дувум ба онҳо муяссар шуд, ки Балхро тасарруф намоянд. Маликшоҳи Салҷуқӣ бародараш Шаҳобуддавла Текешро ба вилояти Балху Тахористон мансуб кард. Баъдтар, аз заъфи ҳукумати Салҷуқиён истифода бурда, хоразмшоҳиён, ғуриён ва туркманони ғуз ба Балх тохтутозҳо ва хунрезиҳои хонумонсӯз мекарданд. Хоразмшоҳ Балх ва Ҳиротро ба тасарруфи худ дароварда, дар ин давра Балху ҳаволии он зиндагии муътадилонаро пеша карда буданд, вале ҳамлаи Чингиз Балхро ба харобазор табдил намуд. Муғулҳо Балхро оташ заданд, мардонро аз дами теғ гузарониданд. Балх дар он замон бузургтарин шаҳри Хуросон ба шумор мерафт. Пешвоёни шаҳр бо пешкашҳо назди Чингиз рафтанду фармонбарии худро эълон намуданд, вале мустабидди муғул ба фармонбарии балхиён эътимод накард. Муғулон мардонро куштанд, шаҳрро сӯзонданд ва хонаҳоро ба хок баробар сохтанд.

Ба гуфтаи сайёҳ Марко Поло, ки солҳои 1272-73 ва 1293-94 ба Эрон сафар кардааст, «Балх дар рӯзгорони пешин бузургтарину шарифтарин шаҳре буда, ба дасти тоторҳо ғорату нобуд шудааст». Ӯ аз кохҳои мармарину хонаҳои зебои ин шаҳр, ки аз дидорашон ҳама ҳайрон мешуданд, сухан гуфтааст. Балх дар ин фосилаи замонӣ аз ҷумлаи сарзаминҳое буд, ки гоҳ дар ихтиёри Чағатоиён ва гоҳе дар дасти Ҳулокуиён қарор дошт ва пайваста мавзеи ҷангу хунрезии ин ду хонадони ҳукуматгари муғулӣ буд. Ибни Батута, ки дар садаи XIV гузораш ба Балх афтода буд, онро шаҳре вайрон васф карда, дар бораи рафтори ваҳшиёнаи Чингиз дар ин шаҳр менависад, ки аз се як қисмати ин шаҳри дар гузашта бузург (аз ҷумла, масҷиди Балхро, ки аз беҳтарин масҷидҳои ҷа­ҳон буд)-ро харобу валангор кар­дааст.

Дар солҳои аввали ҳукмронии Амир Темур (1369—1404) дар Мовароуннаҳр Балх дар тасарруфи бародари зани Амир Темур — Амир Ҳусайн буд. Ин волӣ қасд дошт, ки Балхро обод кунаду қалъаи онро маркази ҳукумати худ қарор диҳад ва барои ҷомаи амал пӯшондани чунин хостаҳояш кӯшида, то андозае муваффақ ҳам шуд. Вале, пас аз ихтилофе, ки миёни Амир Ҳусайну Темур рух дод, даргирии сахте байни онҳо ба вуҷуд омад ва бо кушта шудани Амир Ҳусайну тороҷ шудани Балх анҷомид. Минбаъд Балх башхе аз қаламрави Темуриён ба шумор мерафт. Муддате шаҳр дар дасти Султон Ҳусайн Бойқаро ва фарзандаш Бадеъуззамон Мирзо қарор дошт. Муҳаммадхони Шайбонӣ Балхро бо ду ҳамла ба даст овард.

Таърихи баъдинаи Балх пур аз моҷаро мебошад. Аввал шоҳ Исмоили 1 Муҳаммадхонро шикаст дода, Балхро ба тасарруфи худ даровард. Баъд онро Абдуллоҳхони ӯзбек забт кард. Сипас, Аштархониён муддате дар Балх ҳукмронӣ намуданд. Мегӯянд, ки маъруфтарин фармонравои аштархонӣ 31 сол дар Балх фармонравоӣ дошта, соли 1702 вафот кардааст. Мутаассифона, дар бораи авзои замони ӯ маъ­лумоти кофие боқӣ намондааст. Овардаанд, ки ду бор ин шаҳр бо номҳои «Айёрон» ва «Осиёи бодӣ» барпо будааст, ки охириро мардум хароб сохта, аз 40 масҷиди шаҳр низ дар ҳамин фосилаи замонӣ 12 масҷид вайрон карда шудаанд. Сипас Балхро Нодиршоҳи Афшор забт намуда ва дар садаи XIX ба тасарруфи хонҳои Бухоро даромад. Дар ин давра Балх дигарбора ба сифати модаршаҳри ислом (Уммулбилод) маъруф шуд.

Балхи кунунӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1845 дар Балх бемории вабо пайдо шуда, нобасо­мо­­нии зиёдеро ба миён овард. Пойтахт аз Балх ба Мазори Шариф кӯчонида шуд. Ин дигаргунӣ дар давраи фармонравоии Амир Шералихон бар Афғонистон ба воситаи ноиби Алихон (дар соли 1866) ба вуқӯъ пайваст. Пас аз он Балх ба рустои беаҳаммияте табдил ёфт. Тақрибан соли 1934 корҳои марбут ба бозсозию навсозии Балх оғоз ёфта, дар ҷараёни он боғҳои бузурге бар гирди Мазори Хоҷа Абунасри Пор­со (Масҷиди Сабз) дар маркази шаҳр ба вуҷуд омаданд. Ба он боғҳо 8 хиёбон васл мешуданд, ки маҳалҳои гуногуни шаҳрро ба ҳам мепайвастанд. Муво­фиқи барномаи навсозӣ ҳамаи кӯю бозорҳои Балх аз нав сохта шуданд. Бо вуҷуди ин, ба сабаби бештар ободсозии Мазори Шариф, дар Балх ба ҷойи 1270 хонавор танҳо 430 хонаи истиқоматӣ сохта шуд.

  1. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2007. — Т. 2 (b—d). — 504 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018324-5 (т.2). (в пер.). — с. 57
  • История Востока. Т. 1. Восток в древности. М., 2000;
  • История Востока. Т. 2. Восток в средние века. М.,2000;
  • اسفراینی محمد. روضت الجنات. تهران، ۱۳۳۸؛
  • صفی الدین بلخی. فضائل بلخ. تهران، ۱۳۵۰؛ رملو حسن. احسن التواریخ. تهران، ۱۳۵۷؛
  • بیهقی ابوالفضل. تاریخ. تهران، ۱۳۶۲؛
  • حدودالعالم. به کوشش مینارسکی. کابل، ۱۳۶۲؛ رئس السادات. تاریخ شهرهای
  • خراسان. بلخ، ۱۳۶۶؛
  • گریتسبر آروین. جغرافیای شهرهای افغانستان. مشهد، ۱۳۶۸؛
  • دولت آبادی بصیراحمد. شناسنامۀ افغانستان. قم، ۱۳۷۱؛
  • مشکور محمد جواد. جغرافیای تاریخئ ایران باستان. تهران، ۱۳۷۱؛
  • میرعابیدانی ابوطالب. بلخ در تاریخ و ادب پارسی. تهران، ۱۳۷۱؛
  • مشیخ فریدنی آذرمیدخت. بلخ کهنترین شهر ایرانئ اسیای مرکزی در قرون نخستین اسلامی. تهران، ۱۳۷۶؛
  • دادگی فرنبغ. بندهش. تهران، ۱۳۷۶؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۱۳۸۳