Jump to content

Сол Беллоу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сол Беллоу
англ. Saul Bellow
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. Solomon Bellows
Таърихи таваллуд: 10 июн 1915(1915-06-10)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 апрел 2005(2005-04-05)[1][2][4][…] (89 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, румоннавис, устоди донишгоҳ, мақоланавис, муаллиф
Забони осор: инглисӣ[10][11]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сол Беллоу (инглисӣ: Saul Bellow ному насаби аслиаш Соломо́н Бело́ус; 10 июни 1915, Лашин, Квебек, Канада — 5 апрели 2005, Бруклайн, Массачусетс, ИМА), нависандаи амрикоӣ. Оилаи Беллоу соли 1913 аз Петербург ба Канада муҳоҷират кард ва ӯ дар ҳамон ҷо ба дунё омад. Баъдан, аз соли 1924 ба ин тараф ӯ сокини шаҳри Чикаго (ИМА) шуд ва дар ҳамин ҷо зиндагиву эҷод намудааст. Дар донишгоҳҳои Чикаго ва Шимоли Ғарб таҳсил кард. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) дар хидмати артиши ИМА буд. Дар донишгоҳҳои Пристон, Ню-Йорк, Чикаго ва ғайра дарс медод. Аз соли 1993 сокини Вермонт. Пас аз нашри романи «Инсон байни замину осмон» (1944) чун нависанда шуҳрат ёфт. Ба ӯ инчунин романҳои «Қурбонӣ» (1947), «Саргузашти Оги Марч» (1953), «Гендерсон, шоҳи борон» (1959), «Герсог» (1964), «Ҷаҳони мистер Саммлер» (1970), «Зимистони профессор» (1982), «Равелштейн» (2000), повестҳо дар мавзӯи ахлоқи ҷомеа, пйесаи «Ташхиси охирин» (1964), эссеҳо, мақолаҳо дар бораи баъзе адибон ва ғайра тааллуқ доранд. Мунақиддон Беллоуро чун устоди сухани муҷаз ва асарҳои калонҳаҷм эътироф намудаанд. Дорандаи Мукофоти Нобел (1976).

  • Между небом и землей. Лови момент. Москва, 2000;
  • На память обо мне. Повести и рассказы. Москва, 2000.