Jump to content

Сарбоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сарбоз
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سرباز
Кишвар  Тоҷикистон
Бунёдшуда 1716
Дараҷаи болотар Размюз
Ҳамто

Сарбоз (форсӣ: سرباز‎) — пойинтарин ва нахустин дараҷаи низомӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ки ҷойгоҳе пойинтар аз размюз дорад ва баробар бо новӣ дар нерӯи дарёӣ аст; аскари қаторӣ[2].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:

Сарбоз
Дараҷаи болотар:
Размюз

«Сарбоз» аз ду бахш сохта шудааст: сар (форсӣ: سر‎ < порсии миёна: sar < порсии бостон: *sarah-) + боз > бохтан. Мақулаи дастурии ин вожа исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сар) + асоси феъли замони ҳозираи «бохтан» (боз)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Сарбоз» дар истилоҳ касеро гӯянд, ки аз сару ҷони худ гузаштаву омодаи ҷонбозӣ бошад[3][4].

Ин вожа аз дер боз ба маънои «аскар, аксари қатории пиёда[5]; сипоҳӣ, лашкарӣ»[5] ба кор меравад. Аз ин рӯ, «сарбоз» барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «аскари қаторӣ» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[6].

Дар нерӯҳои мусаллаҳ низомиеро сарбоз мегӯянд, ки зери дасти фармондеҳ хидмат мекунад ва пойинтарин рутбаи низомиро дорад[7].

Дараҷаи сарбозӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон 1 — 3 рутба — сарбоз, сарбози дувум, сарбози якум — дорад, ки баробар бо дараҷаҳои НАТО OR-1 — OR-3 ҳастанд.

Ин дараҷа дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон танҳо як рутба дорад, ки «аскари қаторӣ» номида мешавад[2].

Дараҷаи «аскари қаторӣ» соли 1946 дар Артиши Шуравӣ ҷойгузини дараҷаи «аскари сурх» шуда, ки он соли 1918 дар Артиши Сурх ҷорӣ шуда ва 22 сентябри 1935 ҳамчун пойинтарин дараҷаи фардии сарбозӣ пазируфта шуда буд[8].

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дараҷа 23 феврали соли 1993 ба кор гирифта шудааст.

— Нишони аскарони сурх — — Сардӯшии аскарони қаторӣ—
альт= альт= альт= безрамки безрамки

нерӯҳои
заминӣ
(1924–1935)

нерӯҳои
савора
(1924–1943)

нерӯҳои
пиёда
(1935–1940)

нерӯҳои
заминӣ
(1940–1943)

нерӯҳои
ҳавоӣ
(1935–1940)

(1943–1946)

майдонӣ
(1946–1955)

нерӯҳои
заминӣ
(1955–1994)

нерӯҳои
ҳавобурд ва ҳавоӣ
(1955–1994)

Нерӯҳои
мусаллаҳи
Тоҷикистон
  1. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 167; 582; 653. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. 2.0 2.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  3. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2. — с. 202
  4. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол, https://dehkhoda.ut.ac.ir) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.. 9 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 Декабри 2021.
  5. 5.0 5.1 Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ.
  6. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  7. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 58
  8. РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ