Новдор дувум
| ||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: ناودار دوم | |||
Кишвар | Эрон | |||
Дараҷаи болотар | Новдор якум | |||
Дараҷаи пойинтар | Меҳновёр | |||
Ҳамто |
|
Новдор дувум (форсӣ: ناودار دوم) — дараҷае афсарёрӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз меҳновёр ва пойинтар аз новдор якум дорад ва баробар бо размпардоз дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст.
Дараҷаи поинтар: Меҳновёр |
Новдор дувум |
Дараҷаи болотар: Новдор якум |
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Новдор» ба маънои «киштибон» аст[1] ва аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: нов (форсӣ: ناو > порсии миёна: nāv- > порсии бостон: nāvam- ‘киштӣ’[2] + -дор (< порсии миёна: *dār > порсии бостон: *dār(a)- > эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»[3]), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[4]. Ин пасванд дар вожасозии низомӣ аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дар забони эронии бостон «*kāra-daranaka-» ‘дорандаи сипоҳ, сипаҳдор’ [3], дар паҳлавӣ: «tagm(a)dār» ва дар форсӣ: «сипаҳдор» ва «лашкардор» бо ҳамин пасванд сохта шудаанд.
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Новдор ҳамчун дараҷаи афсарёрӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва ду рутба дорад[5]:
- новдор якум = новустувор якум;
- новдор дувум = новустувор дувум;
Ҳамтои ин дараҷа дар Нерӯи дарёии Артиши Эрон «новустувор» аст, ки соли 1935 ҷорӣ шуда ва ду рутба дорад[6].
Ҳамтои дараҷаи «новдор» дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ «мичман» (русӣ: мичман) буд, ки соли 1971 ҷорӣ шуда буд[7].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 апрели 2022.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2700.
- ↑ 3.0 3.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-56-9. — ҷ. 2, с. 1244—1245
- ↑ Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45
- ↑ Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2013.
- ↑ Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 285; 606; 653. — 655 с. — 3 500 экз.
- ↑ РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ