Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Олуболу
рутбаҳои мобайнӣ
Триба: Amygdaleae Juss. , 1789
Prunus subgen. Cerasus (Mill. ) A.Gray , 1856
Олуболу , олучабандак , олуча (лот. Prúnus cérasus ) — дарахт ё буттаест аз настараниҳо ; меваи маъмул.
Баландиаш 3—7 метр. Пӯстлохи танааш ашҳабии тирагун ё сиёҳтоб, баргаш думчадори байзашакл ё дарозрӯя (дарозиаш 6—8 сантиметр, бараш 4—5 сантиметр), дандонадор, бемӯяк, думчааш (дарозиаш 1,5—2 сантиметр) сермӯяк, хушагулаш чатракшаклн 1—4 гула, гулаш сафед (диаметраш 2,5—3 сантиметр), мевааш сурх, мудаввар, сершираи донакдор, таъмаш турш. Моҳи апрел мешукуфад; мевааш июл мепазад.
Олуболуи худрӯй маълум нест. Тахмин мекунанд, ки олуболуро аз соҳилҳои баҳри Сиёҳи Қафқоз ё Қрим ба Рум бурдаанд. Дар асри 1 милод аллакай дар аксар кишварҳои Аврупо парвариш мекарданд.
Дар Тоҷикистон бештар навъҳои самарқандӣ, пешпазак, Олуболуи сиёҳ, майдаяк ва ғайра маъмул шудааст.
Олуболуро асосан барои омода кардани мураббо, консерв, кисел, май, шарбат, обмева ва барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Гули олуболу сершахд аст. Аз як гектар олуболузор занбӯри асал то 75 килограмм асали хушсифат тайёр мекунад.
Орояшиносӣ Дар феҳристҳои китобшинохтӣ