Jump to content

Нафт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нафт

Нафт, нефт — моеъи равғанмонанди сӯзандаест, ки бӯи махсус дорад ва дар қабати таҳшинии замин паҳн шудааст. Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ мебошад. Якҷоя бо карбогидридҳои газшакл, одатан, дар чуқурии зиёда аз 1,2—2 км ҳосил ме­шавад. Дар рӯи замин ба моеи ғализ ё моддаи сахт (асфалт) табдил меёбад.

Истихроҷи нафт

Решаи вожаи «нафт» аз вожаи авестоии «напто» гирифта шудааст. Калдониёни аъроб онро аз забони модӣ гирифта «нафто» хонданд[1]. Дар бархе манобеи қадимӣ ба сӯрат «нафт» низ омадааст. Дар Фаронса низ «Naphte» гуфта мешавад ва пеш аз он то соли 1213 «Napte» гуфта мешуд, ки аз вожаи лотин «Naphta» баргирифта шуда буд. Решаи ин калимаи вожаи юнонӣ «Naphtha» ба маънии равғани шарқӣ мебошад.

Калимаи нафт дар забони англисӣ "петролиум " (Petroleum) номида мешавад, ки аз ду калима «петро» (Petro) (муодил юнонии вожаи санг) ва калимаи "олиум " (Oleum) (равған) ташкил шудааст.

Маълумоти умумӣ, таркиби химиявӣ ва хосияти физикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Нафт

Нафт аз омехтаи карбогидридҳо (алканҳо, сиклоалканҳо, кар­богидридҳои ароматӣ) ва пайвастҳое иборат аст, ки дар таркибашон ба ғайр аз атомҳои карбон ва гидроген, атомҳои оксиген, сулфур ва нитроген низ доранд. Рангаш аз ҷигарии кушод ё қариб беранг то бури тира ё сиёҳ мешавад. Дар нафтҳои ИҶШС алканҳо нисбатан зиёдтаранд (зиёда аз 50 %). Пайвастҳои оксигендори нафт асосан кислотаҳои нафтенӣ, асфалтену моддаҳои зифтӣ мебошанд. Ба пайвастҳои сулфурдори нафт сулфиди гидроген, меркаптанҳо, сулфиду дисулфидҳо, тиофену тиофанҳо, инчунин пайвастҳои политсиклин сулфурдор мансубанд. Пайвастҳои нитрогендори нафт асосан гомологҳои пири­дин, гидропиридин ва гидрохинолин мебошанд. Газҳои дар нафт ҳалшуда (аз 0,2 то 3 %), об ва намакҳои минералӣ низ ҷузъҳои таркиби нафтанд. Дар таркиби хокистари нафт як қатор алементҳо (Са, Mg, Fe, Al, Si, V, Na ва ғайра) низ ошкор карда шуда­аст.

Хосияти физикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хосияти физикии нафт ба таркиби он вобаста аст. Нафте, ки зичиаш 870 кг/м3 аст, нафти сабу к, 871—910 кг/м3 — миёна ва аз 910 кг/м3 зиёд — вазнин номида мешавад. Нафт одатан дар 28°С ба ҷӯшидан cap мекунад; гармиғунҷоишаш 0,4— 0,5 ккал/кг °С; гармии сӯзишаш 10400—11000 ккал/кг. Таркиби элементарии нафт ҳам хеле гуногун буда, вай 82,5 ÷ 87 % С, 11,5÷14,5 % Н, 0,05÷0,35 %, баъзан то 0,7 О, 0,001 ÷ 5,3 % S, 0,001 ÷ 1,8 % N, инчунин ба миқдори кам ванадий, фосфор, калий, никел, оҳан ва ғайра дорад.

Нафтҳоро нисбат ба миқдори сулфур ва зифте, ки дар таркибашон мавҷуд аст, ба нафтҳои камсулфур (0,5 %), сулфурдор (0,5—2 %), серсулфур (аз 2 % зиёд), камзифт (то 17 %), зифтдор (18—35 %) ва серзифт (аз 35 % зиёд) тақсим мекунанд.

Ҷадвали 1. Характеристикаи нафтҳои Тоҷикистон
Ноҳияҳои нафт Конҳои нафт Зичӣ

кг/м3

Таркиби кимиёӣ ба ҳисоби %
Карбогидритҳо Зифт Асфалтен
Вахш Оқбошадир

Кичик Бел

958

959

65,4

58,9

25,3

32,3

9,0

8,2

5,54

6,24

0,24

0,22

Ҳисор Шамбарӣ

Қӯрғонча

881

921

76,0

74,8

17,2

13,8

6,2

11,3

0,96

1,17

0,18

0,20

Фарғона Конибодом

Работ

864

882

87,9 8,0

14,1

3,3

4,1

0,49

0,47

0,11

0,10

Пайдоиши нафт

[вироиш | вироиши манбаъ]
Аввалин ноҳияи нафт дар Лос-Анҷелес, кӯчаи Толука. тах. 1895—1901

Масъалаи табиати генетикӣ ва шароитҳои пайдоиши нафт то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Дар ин бора ду ақида — фарзияи пайдоиши ғайриорганикӣ ва органикии нафт вуҷуд дорад. Соли 1866 химики франсавӣ М. Бертло тахмини дар қаъри замин дар натиҷаи ба металлҳои ишқорӣ таъсир кардани оксиди карбон (IV) ва соли 1871 химики дигари франсавӣ Г. Биассон ақидаи ҳангоми таъсири ҳамдигарии об, С02 ва H2S бо оҳани тафсон пайдо шудани нафтро баён карданд. Соли 1877 Д. И. Менделеев фарзияи пайдоиши минералии (карбидии) нафтро пешниҳод намуд. Солҳои 50—60 садаи XX боз як қатор олимони советӣ (Н. А. Кудряв­сев, В. Б. Порфирев, Г. Н. Доленко ва дигарон) ва хориҷӣ (англис Ф. Хойл ва дигарон) фарзияҳои пайдоиши кайҳонӣ, вулконӣ ва магматогении нафтро пешниҳод карданд.

Дар охири садаи XIX ва аввали садаи XX муайян гардидани фаъолияти оптикии нафт ва алоқаи он бо моддаи органикии сапропелии ҷисҳои таҳшинӣ барои донистани генезиси нафт роли муҳим бозид. Фарзияи сапропелии пайдоиши нафтро, ки солҳои 1904—1905 бори аввал ботаники немис Г. Потопи баён карда буд, минбаъд олимони рус Н. И. Андрусов, В. И. Вернадский, И. М. Губкин, Н. Д. Зелинский ва дигарон инкишоф доданд. Соли 1934 дар нафт асфалту ангишт ва порфиринҳое, ки ба таркиби молекулаи хлорофилл ва дигар пигментҳои табиӣ дохиланд ва солҳои 50 дар таҳшинии обанборҳои гуногун (кӯл, баҳр, уқёнус) карбогидридҳои таркиби нафт кашф карда шуданд. Манбаи асосие, ки аз он нафт ҳосил мешавад, боқимондаи ҳайвонҳои гуногун (асосан планктон) ва рустаниҳо мебошанд, ки якҷоя бо ҷинсҳои таҳшинӣ омехта шуда, моддаҳои органикии сапропелӣ ҳосил мекунанд. Ин моддаҳо ба зонаи нафтҳосилшавӣ (ҳудуди болоии ин зона аз 1300 м то 3000 м) расида, дар зери таъсири ҳарорати (50° С ва аз он ҳам зиёд) ба табаддулоти химиявӣ дучор мегарданд. Молекулаи мураккаби онҳо вайрон шуда, карбогидридҳои газшакл, моеъ ва сахт ҳосил мекунанд. Дар чуқурии боз ҳам зиёдтар ин просесс бештар авҷ мегирад. Аз рӯи ин маълумот мавқеи тарафдорони фарзияи пайдоиши органикии нафт зоҳиран мустаҳкам аст. Вале солҳои охир фарзиян пайдоиши ғайриорганикии нафт бо тадқиқоти нав тақвият ёфта, ҳуқуқи мавҷудият пайдо кард. Олимони украин фишору (15 ҳазор атм) ҳарорати баланд (1400°)-ро истифода бурда, аз карбо­ну гидрогене, ки дар таркиби карбиди волфрам мавҷуданд, даҳҳо карбогидридҳои таркиби нафт (метан, этап, пропан, бутан ва ғайра)-ро ҳосил намуданд. Мутахассисони Институти ге­ология ва геохимияи сарватҳои сӯзандаи АФ ҶШСУ таҷрибаҳои зиёде гузаронида исбот намуданд, ки на фақат карбиди металлҳо, балки ҳар як моддае, ки дар таркибаш карбон (моддаи биогенӣ, карбонатҳо, карбонатитҳо, дуоксиди карбон) ва гидро­ген (об, асосҳо ва ғайра) дорад, дар шароити муайяни термодинамикӣ карбон ва гидрогени барои ҳосил шудани карбогидридҳои нафт зарурро дода метавонад. Нафт дар чуқурии аз 500— 3000 м. (қисми зиёди он) то 6000— 7000 м дучор мешавад. Қабатҳои нафтдори Замин ба ҳамаи доираҳои гео­логӣ мансуб аст. Аммо захираи асосии он ба давраҳои девон, юра, табошир ва ғайра рост меояд.

Оташгоҳи Боку, аз нафт фонус афрохтан дар соли 1860

Конҳои нафт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шароити зарурии ҳосилшавии нафт мавҷудияти ҳавза- ҳои таҳшинӣ мебошад. Конҳои нафт дар ҷинсҳои антиклинали ва домҳои табиии моноструктуравии тектонӣ ҷойгир мешаванд. Агар дар кон миқдори нафт аз мпқдори газ зиёд бошад, кони нафту газ, бараке бошад — г аз ӯ нафт, агар газу конденсат якҷоя вохӯрад, кони газу конденсат номида мешавад. Якчанд конҳои нафти наздики ҳам ҷойгиршуда районҳои нафту газ, районҳо вилоятҳои нафту газ ва вилоятҳо ҳавзаҳои нафтуу газро ташкил медиҳанд. Масалан, ҳавзаҳои нафту газӣ Волгаю Урал, Сибири Ғapбӣ, Фарғона ва ғайра Масоҳати ҳавзаҳо аз якчанд ҳазор то якчанд млн км2 мешаванд. Дар айни замон 350 ҳавзаи нафт маълум аст. Конҳои нафт дар ҳамаи қитъаҳо (ба ғайр аз Антарк­тида) ёфт шудаанд. Қариб 85 % нафти ҷаҳониро 5%-конҳои ба истифода додашуда медиҳанд; ҳар яки ин гуна конҳо зиёда аз 0,5 млрд т нафт доранд; чунин конҳои калонтарин бештар дар Шарқи Наздик (Арабистони Саудӣ, Кувайт) воқеанд. Калонтарин конҳои нафти ШМА дар Аляска ва Техас дида мешаванд. Дар территорияи СССР конҳои нафт садаи XIX дар нимҷазираи Апшерон, ноҳияи Грозний, кишвари Краснодар, нимҷазираи Челексен, Сахалин, дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳавзаи нафту гази Волгаю Урал, дертар дар ғарби Туркманистон, дар Казоқистон, кишвари Ставро­пол, дар Украина ва Белоруссия ёфт шуданд; солҳои 50—60 садаи XX яке аз ҳавзаҳои калонтарини ҷаҳон — ҳавзаи нафтуу гази Сибири Ғарбӣ кашф шуд.

Конҳои нафти Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон конҳои зерини нафт мавҷуданд: Оқбошадир ва Кичик Бел (дар Вахш), Шамбарӣ ва Қӯрғонча (дар Ҳисор), Конибодом ва Работ (дар водии Фарғона).

Нафтҳосилкунӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Платформаи нафт дар Баҳри шимолӣ

Нафтҳосилкунӣ аз замонҳои қа­дим маълум аст. Усули аз рӯи обанборҳои кушод ҷамъ кардани нафтро пеш аз милод дар Мод, Бобулистон, Сурия ва садаи I дар Ситсилия ба кор мебурданд. Дар Россия ин усулро аввалин бор Ф. С. Прядупов (1745) истифода карда аст. Соли 1858 дар нимҷазираи Челексен ва 1868 дар хонии Қӯқапд нафтро аз рӯи оби ҷӯйҳои аз кӯл ҷоришаванда ҷамъ карда мегирифтанд.

Аз чоҳҳо кашидани нафт ҳанӯз аз садаи V пеш аз милод дар Киссия, садаи VIII дар нимҷазираи Апшерон ва асрҳои 10—13 дар Сурхан ва Балкан маълум буд. Усули аз чоҳ кашидани нафтро дар Боку садаи XVII табиатшиноси немис Э. Кемпфер пешниҳод кардааст. Чуқу­рии ин чоҳҳо то 27 м буда, девори онҳо бо санг ё чӯб мустаҳкам карда мешуд.

Солҳои 60 садаи XIX ба кашидани нафт аз чоҳҳои бо парма кофташуда шурӯъ намуданд. Соли 1865 бо усули механи­ки (бо ёрии насос) гирифтани нафт бо­ри аввал дар ШМА ҷорӣ гардид Ин усул соли 1874 дар Гурҷистон, 1876 дар Боку ва 1895 дар Грозний низ исти­фода шуд. Соли 1886 В. Г. Шухов усу­ли компрессории кашидани нафтро пешниҳод намуд. Мувофиқи ин усул ба чоҳи нафт газ ё ҳаво cap медиҳанд. Газ (ҳаво) бо нафт омехта шуда, зичии онро кам мекунад ва омехтаи нафту газ ба рӯи чоҳ мебарояд. Яке аз усулҳои бештар такмилёфтаи ҳосил кардани нафт усули газ-лифт аст. Ин усулро с.оли 1914 М. М. Тихвинский пешниҳод намуд. Мувофиқи ин усул компрессор ба воситаи гулбаҳо ба қабати нафтдори кон газ ё ҳаво мефиристад, ки он эмулсияи газу моеъ ҳосил карда, бо ғулбаи дигар боло мебарояд. Просесси ҳосил кардани нафт се давраро дарбар мегирад: 1) ракати нафт аз қабати нафтдор ба чоҳи нафткашӣ; 2) баромадани нафт аз чоҳ ба берун; 3) ҷамъ кардан, аз га­зу об ҷудо кардан ва аз намакҳои минералӣ тоза кардани нафт.

Коркарди нафт

[вироиш | вироиши манбаъ]
Памҷаки нафт дар наздикии Лаббок, Техас

Аз рӯи маълумотҳои археологӣ истифодаи нафт аз ҳазораи 6 то мелод маълум аст. Дар ҳазораи 3 то мелод дар давлатҳои байни Байнаннаҳрайн ва Миср асфалтро якҷоя бо peг ва оҳак омехта чун масолеҳи пайвандкунанда ва обнагузаронанда истифода мекарданд. Нафтро дар чароғҳо месӯхтанд, чун дору ва якҷоя бо селитра чун моддаи даргиранда дар кори ҳарбӣ истифода ме­бурданд. Усули тақтири нафт аз аввалҳои эраи мо маълум буда, онро ба­рои тайёр кардани дору истифода бурдаанд. Табиби Юнони Қадим Кассий Феликс ва олими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино оид ба тақтири нафт таҷрибаҳо гузаронидаанд. Географи хоразмӣ Бақрон (асри 13) аввалин шу­да дар бораи тақтири нафти Боку маъ­лумот додааст. Дар садаи XVIII ба муносибати кофтуков ва омӯзиши конҳои нафт ба тақтири нафт эътибори калон до­да шуд. Лабораторияҳои тақтири нафт сохта шуданд. Соли 1823 бародарон Дубининҳо дар наздикии шаҳри Моздок заводи нафттақтиркунандаи даврӣ сохтанд. Соли 1873 дар 80 заводи тақтири нафт дар Боку соле 16350 т карасин мегирифтанд. Талабот ба маҳсулоти нафт рӯз аз рӯз меафзуд. Бинобар ин заводҳои тақтири нафт низ такмил меёфтанд. Ба чоп аппаратҳои даврӣ амалкунанда аппаратҳои доимо амалкунанда гузошта мешуданд. Аввалин аппаратҳои доимо амалкунанда соли 1883 аз тарафи А. А. Тавризов ва соли 1886 аз тарафи В. Г. Шухов ва Ф. А. Инчик ихтироъ карда шуд. Дар бай­ни онҳо батареяҳои кубии доимо амалкунанда эътибори калон пайдо карданд.

Дар Россияи тореволютсионӣ саноати худравсозӣ ва авиатсионӣ суст тараққӣ карда буд, бинобар ин ба бензин эҳтиёҷ кам буд. Бо вуҷуди ин олимон ва инженерони рус ба мақсади бо роҳи пиролиз ҳосил кар­дани дигар маҳсулоти нафт просесси коркарди нафтро мунтазам меомӯхтанд.

Соли 1891 В. Г. Шухов ва С. Гаври­лов барои крекинг-просесс аппарат ихтироъ карданд Онҳо аввалин шу­да усули ҳангоми дар гулбаҳо ҳаракат кардани нафт гарм кардани онро таклиф намуданд То соли 1917 дар Россия тақтири нафт дар батареяҳои кубии доимо амалкунанда усули асосии коркарди нафт ба шумор мерафт.

Корхонаи коркарди нафт, Ал-Аҳмадӣ, Қувайт

Истихроҷи нафт

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Истихроҷи нафт
Бузургтарин истеҳсолкунандагони нафт дар ҷаҳон (Бино ба маълумоти Оҷонсии Байналмилалии Энержӣ)
Кишвар 2008 2006[2] 2003
Истихроҷ, млн т. Ҳиссаи бозори ҷаҳонӣ (%) Истихроҷ, млн т. Ҳиссаи бозори ҷаҳонӣ (%) Истихроҷ, млн т. Ҳиссаи бозори ҷаҳонӣ (%)
Арабистони Саудӣ 505 [3] 9,2 477 12,1 470 12,7
Русия 480[4] 9,1 507 12,9 419 11,3
ИМА 294[5] 5,6 310 7,9 348 9,4
Эрон 252[6] 4,8 216 5,5 194 5,2
Чин 189[7] 3,5 184 4,7 165 4,4
Мексика 167,94[8] 3,2 183 4,6 189 5,1
Канада 173,4[9] 3,3 151 3,8 138 3,7
Венесуэла 180[10] 3,4 151 3,8 149 4
Қазоқистон 70[11] 1,3 64,9 1,7 51,3 1,2
Дигар кишварҳо: 1985,56 56 1692,1 43 1589,7 43
Истихроҷи умумии ҷаҳонӣ, ҳамагӣ: 100 3936 100 3710 100

Кишварҳои Лубнон ва Норвеж низ истистихроҷкунандаи нафт мебошанд.

Истихроҷи нафт дар калонтарин конҳои ҷаҳон (ТОР-20)
Рақам Кишвар Кон Истихроҷ дар соли 2006
(млн т)
Истихроҷ дар соли 2008
(млн т)
Ҳавзаи нафту газ
1  Арабистони Саудӣ Аль-Гавар 250 ??? Халиҷи Форс
2  Венесуэла Шельф Боливар 100 120 Маракайбо
3  Мексика Кантарел 86,7 ??? Мексиканский залив
4  Кувайт Большой Бурган 80 ??? Халиҷи Форс
5  Арабистони Саудӣ Сафания-Хафджи 75 70 Халиҷи Форс
6  Ироқ Румайла 65 ??? Халиҷи Форс
7  Чин Дацин 43,41 ??? Сунляо
8  Ангола Комплекс Кизомба ??? 38,5 Атлантическая побережье
9  Эрон Ахваз 35 ??? Халиҷи Форс
10  Озарбойҷон Азери-Чираг-Гюнешли 23,6 34 Южный Каспий
11  Русия Самотлор 30,75 27,9 (2009 г.) Сибири Ғарбӣ
12  Русия Приобское 27,6 40,4 Сибири Ғарбӣ
13  Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Ал-Закум 27,5 ??? Халиҷи Форс
14  Арабистони Саудӣ Шайба 27,5 ??? Халиҷи Форс
15  Чин Шэнли 27,49 ??? Бохайвань
16  Эрон Марун 26 ??? Халиҷи Форс
17  Қазоқистон Тенгиз 13,32 25 Прикаспийская НГП
18  Арабистони Саудӣ Зулуф 25 ??? Халиҷи Форс
19  Эрон Гечсаран 24 ??? Халиҷи Форс
20  Алҷазоир Хасси-Мессауд 22 ??? Алжирская Сахара

Саноати коркарди нафт дар ИҶШС

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саноати коркарди нафт дар ИҶШС асосан дар давраи панҷсолаҳои аввал (1929—1940) ривоҷ ёфт. Солҳои 1933—1937 дар Ишимбой ва Уфа заводҳои коркарди нафт ба кор даромаданд. Дар шаҳрҳои Саратов, Краснодар, Орск, Ха­баровск, Одесса, Херсон як қатор корхонаҳои коркарди нафт сохта шу­данд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) саноати коркарди нафти СССР фронт ва ақибгоҳро бо сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ таъмин намуд. Баъди ҷанг саноати коркарди нафт босуръат тараққӣ кард. Соли 1970 назар ба 1965 1,44 маротиба зиёд нафт кор карда шуд. Як қатор заводу корхонаҳои нави коркарди нафт ва дастгоҳҳои пуриқтидор сохта шуданд. Дар мамлакатҳои капиталистӣ саноати коркарди нафт дар ШМА, Япо­ния, РФГ, Италия, Британияи Кабир тараққӣ кардааст. Дар Тоҷикистон дар Колхозобод (вилояти Қургонтеппа) заводи битумистеҳсолкунанда сохта шудааст, ки вай соле зиёда аз 50 ҳазор т битум мебарорад.

Барои аз об ва намак тоза кардан нафтро нағз омехта, онро бо камтар оби дурушти деэмулгатор ҳамроҳ кардашуда мешӯянд. Баъд эмулсияи ҳосилшударо то 100—140° С, баъзан то 160° С гарм карда, аз дегидратори электрни доимо амалкунанда мегузаронанд. Эмулсия дар зери таъсири майдони электрии баландшиддат (1,3—3 кв см), деэмулгатор ва ҳарорат таҷзия шуда, обу намакҳои дар он ҳалшуда такшон мешаванд. Ба­рои собитонии нафт аз он фраксияҳои пропан, бутан ва қисман пентанро ҷудо мекунанд. Фраксияи пропан­бутан барои саноати нафту химия ашёи хоми муҳим ба шумор меравад. Нафт аз обу намак тоза кардашударо дар дастгоҳҳои махсус тақтир карда, аз он бензин, сӯзишвории реактивӣ, карасин, сӯзишвории ди­зели ва мазут мегиранд. Минбаъд аз мазут равғанҳои дистиллятӣ, пара­фин, битум ва ғайра ҳосил мекунанд. Боқимондаи мазут (консентрат, гуд­рон) баъдц тақтири равғанҳои бо­қимонда дар сохтмон ва ғайра истифода мешавад. Афзудани доираи истеъмоли маҳсулоти нафт ва баланд шудани талабот ба сифати онҳо зарурати коркарди дуюмини нафтро ба миён овард. Ҳангоми коркарди дуюмини нафт аз он пайвастҳои оксиген, нитроген ва сулфурдор ҳосил мекунанд. Ба коркарди дуюмини нафт просессҳои крекинги термикӣ, термоконтактӣ, катализӣ, гидрокрекинг, алкилонӣ, изомеризатсия, полимеризатсия ва ғайра мансубанд. Барои тоза кардани нафт аз омехтаҳои нолозим (сулфур, пайвастҳои зифтдор, оксигендор ва ғайра) усулҳои физики, физикию химиявӣ ва ғайраро ба кор мебаранд.

  1. Мақолаи нафт дар Википедияи порсӣ
  2. Key World Energy Statistics 2007 (by International Energy Agency) Бойгонӣ шудааст 3 октябри 2018  сол. (проверено 07.03.2008)
  3. Александр Гудков. Саудовская Аравия превзошла ОПЕК. Коммерсантъ № 4 (4059) (20 апреля 2011). 14 августи 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 августи 2011.
  4. Добыча нефти в России к 2013 году снизится до 450 млн тонн — Минэнерго. РИА Новости (12 февраля 2009). 14 августи 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 августи 2011.
  5. НЕФТЕГАЗЭКСПЕРТ — Новости нефтегазовой отрасли / Добыча нефти в ИМА в 2008 г. снизится на 130 тыс. барр./день, однако в 2009 г. увеличится на 320 тыс. барр./день. 6 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 май 2011.
  6. Добыча нефти в Иране достигла рекордного уровня за последние 30 лет. РИА Новости (6 февраля 2008). 14 августи 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 августи 2011.
  7. Добыча нефти в Китае за год составит около 189 млн тонн — Портал бизнес — новостей BFM.ru. 6 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 ноябри 2012.
  8. Добыча нефти в Мексике в 2008 году сократилась более чем на 9 %. РИА Новости (22 января 2009). 14 августи 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 августи 2011.
  9. В 2007 году Канада намерена увеличить добычу нефти на 9 % Бойгонӣ шудааст 13 Декабри 2009  сол. » БизнесНовости RosInvest.Com
  10. Добыча нефти в Венесуэле сократится из-за долгов госхолдинга PDVSA. РИА Новости (31 января 2009). 14 августи 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 августи 2011.
  11. Казахстан в 2008 году планирует увеличить добычу нефти до 70 миллионов тонн — PortNews
  • Сергиенко С. Р. Очерк раз­вития химии и переработки нафти. М., 1955;
  • Карцев А. А., Основы геохи­мии нафти и газа. М., 1089;
  • Технология техника добычи нафти и газа, М., 1971;
  • Соколов В. А., Бестужев М. А Тихомолова Т. В., Химический со­став нафтей и природных газов в связи с их происхождением. М., 1972.