Занҷабил Гунаи умумии рустанӣ бо гул
Zingiber officinale Roscoe , 1807
Занҷабил, гармдору (лот. Zīngiber officināle , ар. زنجبيل ) — рустаниест бисёрсола ва доруӣ. Дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон қаламфурро низ «занҷабил» меноманд.
Занҷабил аз кишварҳои Осиеи Ҷанубӣ баромадааст. Дар айни замон дар Чин , Ҳиндустон , Индонезия , Австралия , дар Африқои Ғарбӣ , дар Ямайке , дар Барбадос парвариш карда мешавад.
Баландиаш то 1 метр; решапояи сергӯшт, барги нештаршакл, гули бунафштоби зард , хӯшагули саракмонанд дорад.
Бехи занҷабил
Буриши бехи занҷабили нисбатан ҷавон
Бехи занҷабил хушбӯй ва тунд буда, аз равғани эфир ва пайвасти фенолии гингерол иборат аст. Бехи хушки занҷабилро дар саноати хӯрокворӣ истифода мебаранд. Он вобаста ба тарзи истеҳсол сафед (аз пӯст тоза карда дар офтоб хушконда шудааст) ва сиёҳ (бо пӯсташ ҷӯшонда мехушконанд) мешавад.
Бехи занҷабил (лот. Rhizoma Zingiberis ) дар дорухонаҳо, дар намуди тозакардашуда ё тозанашуда аз пусташ мавҷуд аст.
Занҷабилро Абӯалии Сино дар табобати нуқси чашм ва аъзои ҳозима кор мефармуд. Ба ақидаи табибони халқӣ истеъмоли занҷабил нерӯи ҳофиза ва узвҳои ҳозимаро афзун мегардонад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, бодҳои ғализи меъда ва рӯдаҳоро таҳлил медиҳад, зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сустии олатҳои пешоб ҳодис шуда бошанд, шифо мебахшад. Занҷабил исҳолеро, ки аз вайрон шудани ғизо ба амал омада бошад, манъ менамояд, заҳрҳои ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад, ташнагиро таскин медиҳад. Занҷабилро бо зардаи тухми мурғро ҳамроҳ карда бихӯранд, маниро зиёд мегардонад ва ғафсии онро ислоҳ менамояд. Занҷабили хушкро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба он афтодаро дафъ мекунад, кӯфта гузошта банданд, узвҳоро қавӣ мегардонад, кузоз ва бавосирро шифо мебахшад. Вале истеъмоли занҷабил ба ҳалқ зарар дорад (дар ин ҳолат асал ва равғани бодоми ширин бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд). Миқдори як бор хӯрдан аз занҷабил рӯзе то 7 грамм аст.