Госсипол
Общие | |
---|---|
Хим. формула | C₃₀H₃₀O₈ |
Таснифот | |
Рег. номер CAS | 303-45-7 |
PubChem | 3503 |
Рег. номер EINECS | 636-899-7 |
SMILES | |
InChI | |
RTECS | DU3100000 |
ChemSpider | 3383 |
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного. |
Госсипол — полифеноли табиъӣ, моддаи булӯрии заҳрнок, рангаш зард. Формулаи кимиёвиаш C30H30O8.
Дар спирт, эфир, атсетон, хлороформ, пиргидин ҳал мешавад; дар об ҳал намешавад. Госсипол-ро соли 1866 олими фаронсавӣ Лонгмор ҳангоми тоза кардани равғани пахта ошкор кардааст. Госсипол дар таркиби тухм, барг ва решаи пахта дучор меояд. Дар табиат дар таркиби рустаниҳо мавҷуд аст. Госсипол рустаниҳоро аз зараррасону касалиҳо ҳифз карда, хосияти зиддимикробӣ, зиддивирусӣ, зиддиомосӣ ва антиоксилатӣ дорад. Қобилияти баъзе аз вирусҳои бемориовари ҳайвонотро маҳв сохтани госсипол ба олимон маълум аст. Госсипол дар табиат дар ду шакл: (+) мусбати чапгард ва (-) манфии ростгард вомехӯрад. Дар асоси госсипол ва ҳосилаҳои он маводди гуногуни доруӣ, аз қабили марҳами мегосин, линименти госсипол, ҳабҳои батриден, гозалидон, рагосин, каготсел истеҳсол карда шудаанд. Госсипол дар саноати локу ранг, дорусозӣ ва ғ. ба кор меравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Госсипол // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.