Глюон
Глюо́нҳо (аз англ. gluon, аз glue — ширеш) — зарраҳои бунёдӣ, ки сабабгори таъсири мутақобили зӯр, яъне таъсири мутақобили рангини байни кваркҳо мебошанд.
Глюонҳо зарраҳои бе масса ва заряд буда, спинашон бутун J = 1 а ҷуфтияти Р = — 1 доранд ва гӯё кваркҳоро андаруни адронҳо мечаспонанд (ширеш мекунанд). Ҳангоми афканиш ё фурӯбурди глюон кваркҳо ранги худро тағйир дода, ададҳои квантии боқимонда ва накҳати онҳо бетағйир мемонанд. Аз ин рӯ, глюонҳоро соҳиби ранг мешуморанд. Мас., ҳангоми аз u-кварки сурх хориҷ шудани глюон u-кварки кабуд ё зард ба вуҷуд меояд, лекин d ва s-кварк пайдо намешавад. Ҳар як глюон соҳиби ҷуфти заряди рангӣ — ранг ва зидди ранг аст. Истилоҳи «ранг» дар назарияи кваркҳо чун постулат барои ҳалли масъалаи омори кваркӣ пешниҳод шудааст. Аз се ранг: сурх, кабуд, зард (с, к, з) ва се зиддиранг () барои глюонҳо 9 ҷуфти таркибҳои (сохторҳо) имконпазир сохтан мумкин аст, ки ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи аввал 6 ҷуфти ғайридиагоналии воқеан рангӣ ва гурӯҳи дуввум се ҷуфти диагонали ранги пинҳонӣ дошта: -ро ташкил медиҳанд. Зарядҳои рангӣ мисли зарядҳои электрӣ ба қонуни бақо тобеанд. Бинобар ин 6 ҷуфти ғайридиагоналӣ ба ҳам омехта намешаванд. Барои се ҷуфти диагоналӣ қонуни бақои заряди рангӣ гузаришҳои байнихудиро манъ намекунад, яъне, ҷуфтҳои диагоналӣ омехта шуда метавонанд. Дар натиҷаи ин гузаришҳо ба ҷои се пайвасти пайвастҳои дигар, ки таркиби хаттии пайвасти пешин () мебошанд, пайдо мешаванд. Истифодаи талаботи стандартии симметрия, ортогоналӣ будан ва меъёрбандӣ нисбат ба глюонҳо имкон медиҳад, ки се навъи глюони ранги пинҳонӣ доштае, ки намерасанд, ҳосил карда шаванд.
Таркиби охирин ин таркиби симметрии ранг ва зиддиранг мебошад. Дар он ҳамаи се ранг ва зиддиранг баробар омехта шудаанд. Дар асоси оптикаи классикӣ гуфтан мумкин аст, ки ин гуна омезиш боиси берангӣ (ранги сафед) мешавад. Ин гуна таркиби хаттии ранг-зиддиранги аз ранг маҳрум нақши глюони рангинро, ки таъсири мутақобили зӯрро воқеӣ мегардонад ва рангро аз як кварк ба дигараш интиқол медиҳад, бозида наметавонад. Ҳамин тариқ, баъд аз истиснои кванти беранг ҳамагӣ 8 глюон боқӣ мемонанд, ки онҳо интиқолгари таъсири мутақобили зӯри байни кваркҳо мебошанд. Азбаски глюонҳо (заряди электрӣ надоранд) дорои заряди рангӣ мебошанд, имкони афкандан ва пареш додани глюонро доранд, яъне, глюон метавонад глюон афканад ё дар глюон пареш хӯрад. Ба туфайли ин таъсири мутақобили глюонҳо кваркҳо андаруни адронҳо нигоҳ дошта мешаванд. Хусусияти муҳимми ин таъсирот дар он аст, ки бузургии таъсири мутақобили зӯр бо зиёдшавии масофаи байни кваркҳо меафзояд.
глюонҳо тар ташаккули сохтори дохилии адронҳо нақши муҳим доранд. Аз натиҷаҳои таҳқиқи равандҳои парешхӯрди ғайричандирии умқии зарраҳо аз нуклонҳо бармеояд, ки тақр. нисфи энергияи нуклон ба глюонҳо мутааллиқ аст. Азбаски глюонҳо заряди электрӣ надоранд, онҳо фақат ҷуфти кварк-зиддикварк тавлид карда метавонанд. Мавҷудияти глюонҳо соли 1979 дар коллайдери PETRA дар Маркази таҳқиқоти DESY (Ҳамбург, Олмон) дар таҷриба собит карда шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Глюонҳо / Я. Ш. Самарқандӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.