Jump to content

Байтулҷавзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Байтулҷавзо (ар. بیت الجوزا‎) — ситораи тағйирёбандаи фавқулазими сурх дар бурҷи Ҷаббор (α – Ҷаббор ё α – Сайёд), ки ҷилояш аз 0,2 то 1,2 бузургии ситоравӣ тағйир ёфта, 0,7m-ро ташкил медиҳад. Массааш 17 массаи Офтоб (М.), радиусаш 800 радиуси Офтоб (R.), синнаш 6 млн сол, ҳарор. 3600 К, равшаниаш 40000–100000 равшании Офтоб (L.), масофа аз Замин то Байтулҷавзо тақр. 650 с. р. (200 пк) аст. Бо номҳои арабии «Ад-дурри» («дурахшон»), «Ал-манкиб» («китф»), «Ал-яду-л-юмна» («дасти рост») ва «Шэн Су Си» (хитойӣ), «Ардра», «Накшатра» (ҳиндӣ), «Баху» (санскрит), «Башн» (форсии қадим) ва ғ. ёд мешавад. Нисбат ба пайдоши номи Байтулҷавзо ихтилоф ҳаст. Дар ситорашиносии асримиёнагӣ баъзан, иштибоҳан, номи бурҷи Ҷабборро бо Ҷавзо махлут мекарданд. Мувофиқи ривояти маъмул, Байтулҷавзо шакли вайроншудаи «яду-л-Ҷавзо» («дасти Ҷавзо») ё «ибту-л-Ҷавзо» («бағали Ҷавзо»)-ст. Дар Аврупои асримиёнагӣ тарҷумонҳо ҳарфи «йо»-ро (ду нуқта дорад) аз «бо» (як нуқта дорад) фарқ накарда, номи ситораро Байтулҷавзо (Bedalgeuze) навиштаанд, ки номи нодуруст аз ҳамон ҷой паҳн мешавад. Дар атласи бурҷҳо ситора дар тарафи дасти рости бурҷи Ҷаббор ҷойгир шудааст, ки дурустии номи «яду-л-Ҷавзо»-ро тасдиқ мекунад.

Байтулҷавзо яке аз аввалин ситораҳоест, ки қутри кунҷии аз Замин наоёнаш бо интерферометр андозагирӣ шудааст. Аз рӯйи андозакуниҳои А. Майкелсон ва Ф. Пиз (13 дек. 1920), қутри кунҷии Байтулҷавзо 0,047"-ро ташкил медиҳад. Дертар маълум гардид, ки қутри намоёни Байтулҷавзо тағйирёбанда буда, онро дақиқ муайян кардан ғайриимкон аст, чунки шиддати тобиш ва ранги он ҳангоми аз марказаш дур шудан мунтазам кам мешавад. Байтулҷавзо якумин ситораест, ки дар қурси он доғҳоро муайян кардаанд. Соли 1980 бостоншиносони хитойӣ зиҷҳои ба садаи I то м. мутааллиқро пайдо намуданд, ки дар онҳо ранги Байтулҷавзо сафед ё зард нишон дода шудааст. Батлимуси Қалузӣ дар соли 150 менависад, ки ранги ситора сурх аст. Олимон ба хулосае омадаанд, ки ивазшавии ранги ситора натиҷаи сарфи ҳидрогени ҳаста аст ё Байтулҷавзо пардаи чангу газии худро партофтааст.