Jump to content

Афсона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Афсона — яке аз навъҳои (жанрҳои) эҷодиёти шифоҳи (фолклор)-и мардуми тоҷик ва халқҳои гуногуни дунё мебошад. Афсонаро мардуми минтақаҳои Тоҷикистон, тоҷикони Осиёи Марказӣ, тоҷикон ва форсизабонони кишварҳои дунё авсона, авсуна, кампирафсона, байдак, матал, мақал, суринчик, сӯг, шуг, ушуг, шавқот, шабгуфт ва ғайра талаффуз мекунанд.

Афсона аз жанрҳои қадими фолклорист. Нишонаҳо, пораҳои ба афсона монандро дар Авесто, осори адабиёти паҳлавӣ («Ёдгори Зарирон», «Дарахти асурик», «Худойнома», «Бундаҳиш» ва ғайра) мушоҳида метавон кард. Дар идомаи анъанаи адабиёти паҳлавӣ, тақрибан дар асрҳои 8–9 китобе ба  номи «Ҳазор афсона» вуҷуд доштааст, ки баъдан он заминае барои пайдоиши «Ҳазору як шаб» гардид. Дар осори манзуму мансури адабиёти гузаштаи форс-тоҷик аз асри 9 то ба садаи XX ва дар адабиёти муосири тоҷик афсонаҳои дар дохили осори бадеӣ – «Калила ва Димна», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ», достонҳои Аттор, Саноӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, маҷмӯаҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ва ғайра ба назар мерасанд. Дар «Ёддоштҳо»С. Айнӣ, баъзе асарҳои А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода (либретои «Тоҳир ва Зуҳро»), М. Миршакар (достони «Қишлоқи тилоӣ») ва ғайра афсонаҳо оварда шудаанд.

Афсона дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дорои сохтори махсусест: он аз ибтидо («Буд, набуд, як подшоҳ буд…», «Рӯзе аз рӯзҳо…», «Дар як замоне, дар як маконе…»), гузариш («Акнун бачаро ин ҷо монем, гапро аз духтар шунавем…»), интиҳо («Онҳо ба муроду мақсадашон расиданд…») иборат аст. Баъзе афсонаҳо танҳо ибтидо ва интиҳо доранд. Дар афсонаҳо тахайюли бадеии гӯянда зоҳир мешавад, қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои хос амал мекунанд, онҳо барои саргарм, машғул ва тарбия кардани шунаванда аҳаммият доранд. Ҷалолуддини Румӣ сирру панди дар афсона нуҳуфтаро ганҷ донистааст:

« Кӯдакон афсонаҳо меоваранд,
Дарҷ дар афсонашон бас сирру панд.
Ҳазлҳо гӯянд дар афсонаҳо,
Ганҷ меҷӯ дар ҳама вайронаҳо.
»

Мавзӯъ, мазмун ва мундариҷа

[вироиш | вироиши манбаъ]

Афсонаҳоро аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, мундариҷа ба се гурӯҳ тақсим мешаванд.

Ба гурӯҳи якум афсонаҳои тамсилӣ тааллуқ доранд, ки дар онҳо ҷонварону рустаниҳо ва ашёву ҳодисаҳои табиат ҳамчун инсонҳо ҳарф мезананд, рафтору муносибат ва ба мисли одамон зиндагӣ мекунанд. Масалан, афсонаҳои «Рӯбоҳ ва паланг», «Хари зирак», «Харгӯши шердил»,«Бибигамбӯсак», «Кадуи сайёҳ», «Ҳасрати ду рӯбоҳ», «Пуфак», «Кулӯхаку Баргак», «Ҷуворияк» ва монанди инҳо аз ҷумлаи афсонаҳои тамсилӣ мебошанд, ки мардум дар онҳо бо намодҳои гуногун ҳаводиси рӯзгор, муносибатҳои иҷтимоӣ, мушоҳида ва хулосаҳои худро ифода кардаанд. Ин навъи афсонаҳо решаҳои хеле қадимӣ дошта, аз асотири марбути тотемизм маншаъ мегиранд. Дар онҳо ҷонварони гуногун ҳамчун персонажҳо фаъолият карда, маҷозан ифодаи хислату табиати инсонҳои мухталиф мебошанд. Чунончи, рӯбоҳ рамзи шахси маккору ҳилагар, харгӯш маҷозан инсони тарсу, хирс – шахси пурқуввату нодон, гург – ҳарис ва ғайра.

Гурӯҳи дуюмро афсонаҳои сеҳромез ташкил медиҳанд, ки дар мундариҷаи онҳо ҳар гуна амалҳои сеҳру ҷодуӣ, ҳодисаҳои ғайриоддӣ, ашёи сеҳрнок, хусусияту қобилиятҳои муболиғаомез ва монанди инҳо дида мешаванд. Дар ин навъи афсона ҳар гуна ҳодиса рух медиҳад: инсонҳо ба ягон намуди ҷонвар ё ашё табдил мешаванд ва ё баръакс ҳайвонот ба сурати одамӣ медароянд. Қаҳрамон бо деву аждаҳо меҷангад, мардумро аз шарри ин махлуқҳо наҷот медиҳад ва ниҳоят ба духтари шоҳи париён хонадор мешавад. Хулоса, дар инкишофи характери персонаж ва то ба дараҷаи қаҳрамонӣ расидани ӯ рух додани ҳаводиси ғайримуқаррарӣ нақши муҳим доранд. Миёни мардуми тоҷик афсонаҳои сеҳромез ба мисоли «Фариштамоҳи зебову доно», «Эраҷи девафкан», «Духтари ҷасур», «Салимпаҳлавон», «Рӯбоҳи заррин», «Ҳафт бародарон», «Гӯрзод», «Чархи гардон, дуки ларзон», «Водареғ» ва ғайра маъруфу машҳуранд.

Навъи сеюми афсонаҳоро афсонаҳои маишӣ-реалӣ ташкил медиҳанд, ки хусусиятҳои тамсилӣ ва сеҳромезиро надоранд. Дар ин навъи афсонаҳо зиндагӣ ва муносиботи ҳаррӯзаи мардум бозтоб шудаанд. Ҳодисаҳои ҳаррӯзаи ҳаёти воқеъӣ, танқиди шахсони алоҳидаю камбудиҳои ҷомиа ва тарзи баёни ҳаҷвомез аз хусусиятҳои асосии афсонаҳои маишӣ-новеллӣ мебошанд. Афсонаҳои «Се бародар», «Бои золим ва кали зирак», «Ятимча ва хоҷа», «Марди деҳқон ва кӯзаи зар», «Савобҷӯй», «Боқӣ ва соқӣ», «Моҳигири ҳозирҷавоб», «Деҳқони ҳамадон», «Ҳасанак» ва «Лаку Пак» аз беҳтарин намунаҳои ин навъи афсона ба шумор мераванд. Қаҳрамони афсонаҳои маишӣ-новеллӣ Кали зирак, Ятим, писари камбағал, деҳқони ҳамадон ва монанди инҳо буда, бо ҳозирҷавобию зиракӣ ва ҳушёриву кордонӣ ҳарифони худ: бойи золим, хоҷаи мумсик, муллои муфтхӯр, сарватманди ҷоҳил ва амсоли инҳоро дар байни мардум масхараву шармсор мекунанд. Тавассути танқиди ин ашхос мардум камбудиҳои ҷомеаи худро фош намуда, орзуи адолати иҷтимоиро кардаанд. кунед...[1]

Ҷамъоварии афсонаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар байни навъҳои эҷодиёти даҳанакии халқ аз ҳама бештар афсона мавриди таваҷҷуҳи донишмандони фолклоршинос қарор гирифтааст. Фаъолияти қиссахонон, ноқилон, афсонагӯён, ки дар таърихи илму фарҳанги тоҷик дар асрҳои миёна оғоз ёфтааст, як навъ ҷамъоварии афсонаҳо ва ба мардум расондани онҳо буд. Дар садаи XVII адиб Мирзо Бархурдори Фароҳӣ мутахаллис ба «Мумтоз» тақрибан 400 афсонаро ҷамъ оварда, дар асараш «Маҳбуб-ул-қулуб» ҷой додаст. Ҷамъоварию таҳқиқи афсонаҳои тоҷикӣ дар охири садаи XIX – ибтидои садаи XX ва минбаъд идома ёфт. Дар ин кор саҳми мардумшиносон, таърихнависон, забоншиносон – омӯзандагони лаҳҷаҳо ва фолклоршиносони тоҷику рус А. А. Семёнов, М. С. Андреев, О. А. Сухарева, С. Айнӣ, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, К. Улуғзода, Р. Аминов, А. З. Розенфелд, Б. Шермуҳаммадов, Д. Обидов, И. М. Стеблин-Каменский, А. Л. Грюнберг, Д. Карамшоев, Ҷ. Рабиев, Гулрухсор, Р. Раҳмонӣ ва дигарон арзанда аст. Дар маҷмӯаҳои «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» (1960), «Фолклори Норак» (1963), «Афсонаҳои Самарқанд» (1965), «Фолклори водии Қаротегин» (1986), «Афсонаҳои Ӯротеппа» (1992), «Фолклори тоҷикони Қашқадарё. Афсонаҳо» (ҷилдҳои 1–2, 1998), «Шугҳои Бухоро дар сабти Равшан Раҳмонӣ» (1997) ва ғайра ба табъ расидаанд.

Афсонашиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гирдоварии афсона ва афсонашиносӣ дар тамоми дунё густариш ёфтааст. Дар садаи XIX бародарон Гримм афсонаҳои мардуми Олмонро гирдоварӣ ва нашр намуданд. Муҳаққиқи Финландия Аарне ба омӯзиши афсонаҳои халқҳои ҷаҳон аз ҷиҳати типологӣ оғоз намуд. Кори Аарнеро фолклоршиноси амрикоӣ С. Томпсон, баъдан муҳаққиқи олмонӣ Ҳанс Ҷорҷ Утҳер идома доданд. Ҷилди якуми «Куллиёти фолклори тоҷик. Масалҳо ва афсонаҳо» (М., 1981), ки дар таҳияи он И. Левин, Ҷ. Рабиев, М. Явич иштирок кардаанд, дар асоси усули кори Аарне таҳия шудааст. Дар шаҳри Гутингени Олмон «Энсиклопедияи афсона» таҳия шуда истодааст, ки 14 ҷилди он (аз 50 ҷилди ба нақша гирифташуда) ба табъ расид.[2]          

Афсона қисса, шӯг. Жанри ҳамосавии фолклори тоҷик. Як навъ ҳикояҳои насри шифоҳӣ, ки мазмунҳои рамзию тамсилӣ,сеҳромезӣ ва саргузаштию маишӣ доранд ва бунёди сужети онҳоро одисаҳои бофтаю хаёлӣ ва тасвирҳои фантастикию ғайриоддӣ ташкил медиҳанд. Афсона навъҳои сеҳромез, тамсилӣ, ҳаҷвӣ, маишӣ, ишқӣ-романтикӣ ва саргузаштӣ дорад. Дар саросари кишвар фаъол аст[3][4]

  • Обидов Д. Афсонаҳои ҳаҷвии маишии тоҷикӣ. Д., 1978;
  • Куллиёти фолклори тоҷик. Масалҳо ва афсонаҳо. Ҷ. 1. М., 1981;
  • Раҳмонӣ Р. Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ. Д., 1999;
  • Раҳмонӣ Р. Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон. Д., 2001;
  • Пропп В. Морфология сказки. Л., 1928; Рошияну Н. Традиционные формулы сказки. М., 1974;
  • Кербелите Б. Историческое развитие структур и семантики сказок. Вилнюс, 1991;
  • Marzolph U.Typologiedes Persischen Volksmärchens(Typology of Persian Folk Tales). Wiesbaden, 1984;
  • Uther H-J. The Types of International Folktales. A Classification and Bibliography. Based in the System of Antti Aarne and Stith Thompson. Part 1–3. Helsinki, 2004.
  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 18-19. – 280 с.
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.126 / Р. Раҳмонӣ
  3. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
  4. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ(пайванди дастнорас)