Jump to content

Ассидияҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ассидияҳо. Иллюстратсия аз китоби «Kunstformen der Natur» Эрнст Ҳеккел (1904)
Ассидияҳо. Иллюстратсия аз китоби «Kunstformen der Natur» Эрнст Ҳеккел (1904)

АССЍДИЯҲО (Ascidiae), як гурӯҳи ҷонварони хордадор. Баданашон халташакл буда, дар қисми болои он ду сӯрох– даҳон ва мақъад ҷой гирифтааст. Тани ассидияҳо бо туника – пӯсти ғафсе, ки насҷ (бофта)-и ҳайвонӣ (тунитса) дорад, пӯшида шудааст. Ҷавфи назди ғалсамаи ассидияҳо бо мақъад (клоака) пайваст мебошад. Ассидияҳо тақрибан 150 намуд доранд ва дар ҳамаи баҳрҳо дучор меоянд. Ғизои онҳо организмҳои майда ва детритҳоянд. Ассидияҳо мавҷудоти хунсо буда, бо роҳи ҷинсӣ ва муғҷабандӣ афзоиш мекунанд. Ассидияҳо сода (танҳо) ва мураккаб (колониявӣ) мешаванд. Кирминаҳои ассидияҳо хорда дошта, озодона шино мекунанд (чун болиғ шуданд хордаҳояшон нест мешавад).

  • Ахмадиева А. В., Шукалюк А. И., Биологии моря. Москва, 2007.