Ҳалк (Marvel Comics)
Ҳалк (англ. Hulk; номи ҳақиқӣ доктор Роберт Брюс Бэннер) — шахсияти хаёлӣ, абарқаҳрамон дар китобҳои комики мунташиршуда тавассути Marvel Comics. Ҳалк тавассути Стэн Ли ва Ҷек Кёрби аввалин бор дар Ҳалки Шигифтангез #1 (майи соли 1962) эҷод шуд.
Вай ҳаюлои ҷаҳишёфтаи инсоннамо, азимҷусса ва сабзранг аст, ки зӯри зиёде доштаву наметавонд хашмашро контрол кунад. Ҳалк гоҳе вақтҳо таҳоҷумӣ ва ваҳшӣ ва гоҳе боҳуш ва барномарез намоиш дода шудааст. Ӯ аксаран ба унвони шахсияти муқобилқаҳрамон дида мешавад. Ҳалк ҳамон доктор Роберт Брюс Бэннери физикдон мебошад. Бэннер аввалин бор вақте, ки ба сурати иттифоқӣ дар маърази партави бомбаи гамаи ихтироъи худаш қарор гирифт, ба Ҳалк табдил шуд. Ҳоло ҳар вақт Бэннер хашмгин шуда ё зиндагиаш дар хатар бошад, ба Ҳалк табдил мешавад[1].
Аз Ҳалк дар расонаҳои зиёде истифода шудааст. Аз маъруфтарини онҳо метавон ба сериёле бо бозигарии Билл Биксби дар нақши доктор Беннер ва Лу Феррино, дар нақши Ҳалк ва панҷ филми синамоӣ бо бозигарии Эрик Бана, Эдвард Нортон ва Марк Руффало дар нақши доктор Брюс Бэннери ишора кард. Ӯ ҳамчунин дар чандин филмҳои тавири телевизионӣ ҳузур дошт. Барои эҷод Ҳалк дар филмҳои Ҳалк (2003), Ҳалки шигифтангез (2008) ва Интиқомҷуён (2012) ва чандин бозиҳои компютерӣ истифода шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ DeFalco, Tom (May 5, 2003). The Hulk: The Incredible Guide. Лондон: DK Publishing. p. 200. ISBN 978-0-7894-9260-9.
Ин мақолаи хурд дар бораи комикс аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |