Jump to content

Чормағзи заминӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чормағзи заминӣ
Баргу меваи чормағзи заминӣ
Баргу меваи чормағзи заминӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Arachis hypogaea L., 1753
Мутародифот
Таксонҳои хоҳар

Чормағзи заминӣ, финдиқи заминӣ, арахис (лот. Árachis hypogaéa) — гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887

Пояаш борик, сершохи сабз ва серпашмак, ба монанди палак месабзад. Баргаш мураккаби пармонанд (аз 2 ҷуфт баргчаҳо иборат), хушагулаш 5—7-гула, шукуфааш зард ё норинҷӣ, ғилофакмевааш 1—5-тухма (дарозиаш 1—3 см), мағзаш лӯнда ё дарозрӯя, гулобӣ ё гулобии ҷигарранг, май гул, июл — октябр мева мекунад.

Чормағзи заминиро дар Тоҷикистон аҳён-аҳён дар заминҳои обӣ мепарваранд. Онро бештар дар ноҳияҳои ҷанубии қисми аврупоии Русия, Қрим, Қафқозва Осиёи Миёна мекоранд.

Чормағзи заминӣ рустании ғизоист. Мағзаш 45—59 % равған ва 20,2—36,3 % сафедаи хушҳазм дорад. Мағзи онро хом ё бирён карда истеъмол мекунанд. Кунҷорааш хӯроки серғизои чорвост. Баргу пояи чормағзи заминӣ серсафеда буда, онҳоро чорво нағз мехурад, аз ҷиҳати серғизоӣ ба хошоки себарга ва юнучқа баробар аст. Чормағзи заминӣ хокро аз моддаҳои нитрогендор ғанӣ мегардонад.

  • Чормағзи заминӣ / М. Расулова // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).