Сетор
Сетор (порсӣ: سهتار) сози зеҳӣ ва мизробӣ аст ка бо ангушти ишора навохта мешавад. Сидои сетор ғамнок ва кам аст. Ин созро мардумони Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна менавохтанд.
Сетор, сози тори мусиқист, ки бо мизроб (нохунак) навохта мешавад. Косааш мурӯдшакл, аз чӯби тут ё чормағз таришода мешавад. Қутри косааш тақрибан 20-25 см. Умқи косааш 15-20 см. Сарпӯши он аз чӯби тут тарошида шуда, барои мавҷнокии садо дар сарпӯш 5-6 сӯрохча низ мегузаранд. Сетор дастаи ғафс дорад ва ба 18-20 пардаи диатоникӣ тақсим мешавад. Илова бар, ин боз 3-4 пардаи ёридиҳанда (хаспарда) дорад. Дарозии умумии сетор 120-140 см. Гӯшакҳо дар сари даста ҷой гирифтаанд. Торҳояш филиззӣ. Дар маъхазҳои адабию таърихӣ ва мусиқии қадимӣ доир ба сетор маълумотҳои мухталиф ба назар мерасанд. Баъзе муаллифон шаҳодат медиҳанд, ки ситор бо номи «Сито» низ маъмул будааст (Низомии Ганҷавӣ). Ба ақидаи Низоми гӯё борбат ва сито як созанд. Аммо Фирдавсӣ борбату рудро як соз мешуморад. Маъхазҳо собит мекунанд, ки «Сито» шакли таҳрифшудаи «ситор» аст, яъне «Сетор» буда дар сарчашмаҳо ҳарфи «Р» афтидааст. Аз ин рӯ сетор ҳанӯз дар асрҳои авали солшумории мелод маъмул будааст ва ҳатто баъзан аз рӯи миқдори торҳо онро «Танбӯр» ҳам мегуфтаанд. Шояд аз ин, ки номи танбӯри юнони асту, Сетор форсӣ ва ба форсӣ танбӯрро чунин ном бурдаанд. Боз ақидае ҳаст, ки сато танбӯр, ки бо камонча менавозанду имрӯз ҳам маъмул аст, аз истилоҳи «Сито» (ситор) гирифта шудааст ва аз замонҳои қадим то замони мо омада расидааст. Дар ҳақиқат дар қадим танбӯрро бо камонча менавохтанд ва он номи сито дошт, ки имрӯз дар байни мардуми ҳинд низ сози бисёртораест, шабеҳи рубоби боҳашамат (номаш «сито» ё «ситор» ).
Бархе аз сарчашмаҳо маълумот медиҳанд, ки сетор дар сарзамини мардуми форс-тоҷик тақрибан аз асрҳои 15-16 сар карда дар натиҷаи тағйир додани шакли танбӯр ба вуҷуд омада, минбаъд боиси аз байн рафтани борбат гардидааст, ки ин ақида ҳам асоси илмӣ дорад. Сипас ба косаи бузургу дастаи ғафси он якторӣ дар ҳар давр афзуда чортор, панҷтор, шаштор ва ғ. меномидагӣ шуданд. Чунин намудҳои сеторро мусаввараҳои асрҳои 16-17 Бухорову Самарқанд тасдиқ мекунанд. Торҳои он дар ҳақиқат филизӣ, бештар биринҷӣ буданд. Шаклҳои каме тағирёфтаи сетор дар байни мардуми озарбойҷону туркман бо номи «Соз» маъмул аст. Вале шакли асосии он қадимист, имрӯз дар байни сокинони ноҳияҳои Шарқӣ ва Ҷанубии Тоҷикистон маъмул аст. Сеторро дар води кӯҳистони Бадахшону Кӯлоб «сетор» ва дар водии Қаротегин (Рашт, Тоҷикобод, Обигарм) «танбӯр» меноманд. Сетор аз қадим бо танбӯр иртиботӣ қавӣ дорад. Ҳоло торҳои сетор ҷуфтанд. Ҳангоми навохтан садои ҷарангноки мавҷдор мебарояд. Баъзан номи сеторро аз рӯи тағийроти теъдоди торҳо низ дигар мекунанд. Масалан, панҷтор, шаштор, ҳафттор, ҳашттор, нӯҳтор ва ғ.[1]
Инҷоро ҳам бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашмаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мушоракаткунадагони Википедия, «سهتار (Ситор)», Википедияи форсӣ, донишномаи озод (Мушоҳида дар 01 Июн 2011).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Раҳимов И. Сетор // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.З - Душанбе,2004