Jump to content

Оратория

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Оратория (лот. Oratio – суханварӣ), асари бисёрқисмаи вокалӣ-симфонӣ барои солистон, хор ва оркестр. Оратория одатан аз воқеаҳои хорӣ, порчаҳои симфонӣ ва номераҳои комили вокалӣ (ария, ансамблҳо) мад кашида хондан (речитатив) иборат мебошад. Вай аз кантата бо ҳаҷми мавзӯъ, сужети инкишофёфта ва бузургии шаклаш фарқ мекунад. Бо вуҷуди ин дар бисёр асарҳои мусиқии ҳозиразамон истилоҳи «кантата» ва «оратория» бо меъёрҳои ҳархела қабул мешаванд.

Таърихи Оратория

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар садаи XVI-XVII пайдо шудан ва ба худ гирифтани ҷузъиёти опера Оратория бо бартарии роли хор ба зуди асари муҳим мегардад. Дар ин самт Ораторияҳои Г. Ҳендел (асосан дар сужети динӣ ва антиқӣ навишта шудаанд), И. Ҳайдн аз аввалин асарҳо дар ин жанр мансуб меёбанд. Ба жанри О. Месса, Реквием, Страсти низ наздиканд; намунаи бузурги ҳамин хел асарҳоро И. С. Бах, В. Мотсарт офаридаанд. Баъдтар жанри мазкур аз мавзӯъҳои динӣ дур шуд, ки Мессаи тантанавии Бетховен, Реквиемҳои Берлиоз, Верди, Брамс намунаҳое аз инҳоянд. Дар Русия Оратория дар садаи XIX пайдо шудааст. Аввалин намунаҳои онро композиторон Шапорин, Прокофев, Шостакович офаридаанд. Композиторони хориҷӣ, Онеггер ва Орф дар садаи XX ба жанри Оратория рӯй овардаанд.

Опера дар санъати мусиқии тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Композиторони тоҷик низ ба Оратория тавачҷуҳ зоҳир карда, дар офаридани ин жанр ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд. Дар Тоҷикистон аввалин Ораторияро соли 1967 Ф. Солиев ва М. Светаев («50-солагии СССР») офаридаанд. «Достони Рустам», ораторияи эпикӣ аз рӯи «Шоҳномаи Фирдавсӣ» (ш.–ҳои Фирдавсӣ ва Л. Шералӣ)-и М. Ашрафӣ, Ораторияи «Владимир Илич Ленин» аз рӯи асари ҳамноми В. Маяковскийи Е. Лобенко, «Овози Осиё» (ш. М. Турсунзода), Оратория барои ровӣ, сарояндагон, хори омехта ва оркестри симфонии А. Солиев ва «Ба васфи Ленин», Оратория барои тенор, баритон, хор ва оркестри симфонии З. Шаҳидӣ аз ҷумлаи онҳоянд.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.284. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)