Мушкгов
Овцебык | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Ovibos.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Ovibos moschatus (Zimmermann, 1780) |
||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||
|
||||||||||||
Ареал | ||||||||||||
Сохранившиеся места обитания Области успешного расселения |
||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||
|
Говмеш, мушкгов (лот. Ovibos moschatus) — ҷонвари ҷуфтсум аз оилаи ковокшохон.
Мушкгов ном гирифтани мушкгов то андозае шартист, зеро он ба мушку ғадудҳои мушкзо ҳеч муносибат надорад (он аз номи ботлоқзор, ки дар забони ҳиндуён маънии «musked»-ро дорад, пайдо шудааст). Мушкгов ҳайвони калонҷусса буда, сари мешмонанд, гардани кӯтоҳи ғафс ва пойҳои кӯтоҳ дорад. Шохҳояш ғафси каҷак (мӯйлабшакл), гӯшҳояш майда; пашмаш зичи дароз (60–70 см) буда, қариб ба замин мерасад. Вазнаш аз 250 то 650 кмушкгов Дарозии мушкгови нарина 2,1–2,6 м, мушкгови модина 1,9–2,4 м, баландиаш то сари тӯш 1,1–1,4 м. Мушкговҳо гала-гала (20–30-сарӣ) зиндагӣ мекунанд. Ғизои мушкгов алаф, гулсанг, ушна ва ғ. Мебошад. Мушкгов охирҳои июл – аввалҳои август бордор мешавад. Муддати ҳамлаш вобаста ба шароити иқлим ва ҷои зист 8–8,5 моҳ. Охири апрел як, баъзан дуто бача мезояд. Вазни бачаи мушкгов 8–10 кг буда, баъди 5–25 дақиқаи ба дунё омаданаш ба пой мехезад. Замонҳои қадим мушкговҳо дар баландкӯҳҳои Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд. Тақр. 3,5 млн сол қабл, вақте ки иқлим сахт хунук шуд, пешгузаштагони мушкгов аз кӯҳҳои Ҳимолой фаромада дар Сибир ва Авруосиёи Шимолӣ паҳн гаштанд. Баъдан онҳо дар давраи яхбандӣ тавассути гарданаи Беринг ба Амрикои Шимолӣ, аз он ҷо ба Гренландия гузаштанд. Дар охири давраи плейстотсен бинобар гарм шудани иқлим саршумори мушкговҳо кам шуд. Мушкговҳо ҳоло дар Гренландия, галаҷазираи Арктикаи Канада, ҷазираҳои Шписберген, Нунивак, Нелсон ва Аляска сукунат доранд. Мушкгов тибити пурбаҳо дошта, моҳи апрел тулак мекунад. Аз як сар мушкгови солим то 2 кг тибит мегиранд. Тибити мушкгов дар шароити сунъӣ бо роҳи шона кардан, дар табиат бошад аз шохаи хору буттаҳо ҷамъ оварда мешавад. Таъми гӯшти мушкгов гӯшти говро мемонад, вале равғани он ба равғани гӯсфанд монанд аст. Дар Арктика мушкгов ҳифз карда мешавад. Гург, хирси сафед, хирси малла, росомаха ва одам душманони мушкгов мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Zimmermann E. A. W. 1780. Geographische Geschichte des Menschen, und der allgemein verbreiteten vierfüssigen Thiere. Zweiter Band. Enthält ein vollständiges Verzeichniss aller bekannten Quadrupeden, Weygandschen Buchhandlung, Leipzig, (2nd volume) pp. 86—88.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Брем А. Жизнь животных. М., 2002;
- Сипко П. П., Грухдев А. Р. Анализ процесса интродукции овцебыка на севере Азии//Зоологический журнал № 5. 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Говмеш // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.