Клод Дебюсси
Дебюсси Клод Ашил | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | фр. Claude Achille Debussy |
Таърихи таваллуд | 1862 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1918 |
Маҳалли даргузашт | |
Солҳои фаъолият | 1884 — 1918 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | композитор |
Соз | фортепиано |
Сабк | опера, мусиқии килоссик[d] ва impressionist music[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Клод Ашил Дебюсси (1862-1918) — композитори барҷастаи фаронсавӣ, пианинонавоз, дирижёр, мунаққиди мусиқӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Клод Ашил Дебюсси хатмкунандаи Консерваторияи Порис (Париж), кадоме омӯзгоронаш А. Мармонтел (фортепиано), А. Лавиняк (назарияи мусиқӣ), Э. Гиро (композитсия) буданд. Мусиқии Дебюсси бо болатофатию хушманзарӣ, ҳиссиёти чуқур, рангубори тоза, навовариҳои равшани садодиҳӣ, бо латофатии шакл ва сабкаш фарқ мекунад. Мусиқичӣ – навовари пурилҳом операи «Пеллеас ва Мелизанда» (аз рӯйи драмаи М. Метерлинка), 3 балет (аз он ҷумла бачагона «Сандуқ бо бозичаҳо»), асарҳои симфонӣ – прелюдия, ноктюрнҳо, ангораҳои (эскиз) симфонӣ «Баҳр» ва ғайра; Фантазия барои фортепиано бо оркестр; асарҳои зиёде барои фортепиано, 24 прелюдия, 12 этюд, сонатаҳо барои ансамблҳои созӣ, квартет, зиёда аз 50 романс ва суруд офаридааст. Дебюсси – намояндаи бузурги импрессионизм дар мусиқӣ; вай унсурҳои таъсирбахшии мусиқиро васеъ истифода намуда, навоварӣ даровард, асарҳои навъи тозае эҷод кард. Дебюсси солҳои 1880, 1881-82 дар Русия зиндагӣ карда, дар соли 1913 ба Маскав ва Петербург омада, асарҳояшро дар консерт худаш иҷро кард.[4]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.francemusique.fr/personne/claude-debussy
- ↑ 2.0 2.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ Свидетельство о смерти
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.100. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)