Зуфобиҳо
Зуфобиҳо | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Alismataceae Vent. (1799), nom. cons. | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||||||
Рода | ||||||||||||||||
Ареал | ||||||||||||||||
|
Зуфобиҳо (лот. Alismatáceae) — оилаи рустаниҳои як ё бисёрсолаи соҳилӣ, обӣ ва ботлоқӣ.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зуфобиҳо 13 ҷинс ва беш аз 100 намудро дар бар мегиранд. Баргашон гуногуншакл (дарозрӯя, паҳн ва ғ.). Гулашон дуҷинса, гоҳе якҷинсаи сегулбарга (баъзан бегулбарга); дар пояҳои бебарг ҷой гирифтааст. Гардбаргаашон 6-9 адад. Аксари зуфобиҳо меваи чормағзак доранд. Тухми онҳо ба воситаи об, ҳашарот, гоҳо шамол паҳн мешавад. Баъзе намудҳои зуфобиҳо бо роҳи нашвӣ афзоиш меёбанд. Зуфобиҳо, маъмулан, намидӯст буда, асосан дар соҳили дарё, кӯлу обанборҳо, ҷойҳои серрутубату шибарзамин, киштзори шолӣ ва водиҳои доманакӯҳӣ мерӯянд.
Беш аз 70 намуди зуфобиҳо дар минтақаи муътадил ва тропикии Нимкураи шимолӣ паҳн шудаанд. Дар Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, Зарафшон, мавзеъҳои Сирдарё ва Тоҷикистони Ҷанубӣ) 4 намуди онҳо (Alisma lanceolatum, A. loeselii, Alisma plantago-aquatica, Sagittaria trifolia) месабзад. Зуфобиҳо рустаниҳои заҳрноку шифобахш (зуфобӣ), ороишӣ, хӯроки чорво (лайлакбарг — S. trifolia) мебошанд. Лайлакбаргро дар Ҳиндустону Хитой ва Ҷопон парвариш мекунанд. Самараш, ки аз 53 % оҳар, 10 % сафеда ва қанд иборат аст, истеъмол карда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуфобиҳо / М. Ҳоҷиматов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.