Додорбоварӣ
Додорбоварӣ (форсӣ: دادارباوری[1]), худоингорӣ (форсӣ: خدااِنگاری), деи́зм (аз лот. deus — Худо) — фалсафаест, ки мегӯяд Худо вуҷуд дорад ва ба унвони офаринанда ва додор, омили халқи ҳама чиз аст.
Додорбоварӣ мудохилаи мустақими Худованд дар амалкарди ҷаҳонро рад мекунад (худобоварии диннобоварона). Додорбоварӣ муртабит бо фалсафаи динӣ ва ҷунбишӣ аст, ки вуҷуди Худоро аз ақл истинтоҷ мекунад. Додорбоварӣ дар бораи ин, ки Худо дар хориҷ аз гети чӣ анҷом медиҳад, ҳечгуна мавзеъгирӣ намекунад. Бархилофи асли эътимодгароӣ дар адёни ислом, масеҳият, яҳудият аст, ки бар ваҳй дар кутуб такя мекунанд.
Худоингорон бештар, рӯйдодҳои фаротбиъиии монанди муъҷиза ва пешгӯиро рад мекунанд ва бовараманданд, ки Худо дар зиндагии инсонҳо ва қавонини табиъии гетӣ мудохила намекунад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ [فرهنگ علوم انسانی، داریوش آشوری، نشر مرکز، چاپ اول، ۱۳۷۴، تهران، وص ۹۱، مدخل Deism]