Гулӯла
Гулӯла, тири тӯп, хумпора — навъе ҷангафзор, ки барои паррондан аз тӯп, миномёт ва артиллерияи реактивӣ пешбинӣ шудааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз миёнаи асри 14 гулӯлаҳои сангӣ, аз асри 15 гулӯлаҳои оҳанӣ, баъд гулӯлаҳои чӯянӣ (барои тӯпҳои қутри милашон калон) ва сурбӣ (барои тӯпҳои қутри милашон хурд) маъмул буданд. Аз асри 16 гулӯлаҳои оташафзо истифода мешуданд. Аз асри 16 гулӯлаҳои борутдори тарканда маъмул гардиданд. Дар натиҷаи иваз шудани тӯпҳои суфтамил ба тӯпҳои милашон рахпеч аз нимаи дуввуми асри 19 истифодаи гулӯлаҳои борутдори тарканда қатъ гардида, ба ҷои онҳо гулӯлаҳои артиллерӣ пайдо шуданд. Гулӯла аз бадана, трассер ва қисми тарконанда иборат аст; гулӯлаҳои реактивӣ ва реактивии фаъол, ғайр аз ин, ҳаракатовари бо сӯзишвории сахт коркунанда; баъзе гулӯлаҳо тасбитгар доранд. Гулӯлаҳо аз пӯлод, чӯяни пӯлоддор (сахт), волфрам, уран ва ғ. сохта мешаванд. Барои ҳангоми тирпарронӣ дар новаи мил дуруст ҳаракат кардани гулӯла дар қисмати устувонаии бадана як ё ду ҷӯяки ғафс ва камараки пешбаранда (аз мис, биметалл, оҳанусафол, нейлон) мавҷуд аст, ки хориҷшавии гази борутро боздошта, ҳаракати даврзанандаи зарурии гулӯларо барои парвози устувори он аз рӯи траектория (хатти парвози тир) таъмин менамояд.
Дарозии гулӯла аз 2,3 то 5,6 ҳиссаи мил, мина то 8 ҳиссаи мил, гулӯлаҳои реактивӣ — аз 5,5 то 10,7 мил. Вазни гулӯла аз 0,1 то 133 кг, мина — аз 1,3 то 131 кг, гулӯлаҳои реактивӣ — аз 11 то 194 кг гулӯлаҳо нӯгтез, кунднӯг, болдор ва бебол мешаванд. Онҳоро аз рӯи сохт ба одӣ (аз ҳисоби энергияи гази борут дар новаи мили тӯп ё миномёт ҳаракат мекунанд), реактивӣ (дар артиллерияи реактивӣ истифода мешаванд) ва реактивии фаъол (барои тирпаронӣ аз тӯпҳо ва миномётҳо пешбинӣ шудаанд) ҷудо мекунанд. Дар гулӯлаҳои реактивии фаъол гази борути аз сӯхтани заряди муқаррарӣ ҳосилшуда гулӯларо аз мил ҳаво медиҳад ва заряди реактивӣ, ки дар хатти парвози гулӯла месӯзад, ба он суръати иловагӣ мебахшад. Иқтидори гулӯлаҳо ба навъ ва массаи заряди онҳо вобаста буда, аз рӯи коэффитсиенти пуркунии заряд (таносуби массаи заряди тарканда ба массаи гулӯлаи тайёркарда) муайян карда мешавад ва он барои гулӯлаҳои фугасӣ то 25 %, фугасии тиккадор ва кумулятивӣ то 15 %, зиреҳшикан то 2,5%-ро ташкил медиҳад.
Гурӯҳбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулӯлаҳоро аз рӯи таъйиноти ҷангӣ ба асосӣ, махсус ва ёрирасон ҷудо мекунанд. Гулӯлаҳои таъйиноти асосӣ: зиреҳшикан (барои мубориза бо техникаи зиреҳпӯши душман); бетоншикан (барои нест кардани истеҳкомоти оҳанубетонии душман); фугасӣ (барои хароб кардани иншооти истеҳкомии саҳроӣ ва дарозмуддат, биноҳо ва монеаҳои симхордори душман); кумулятивӣ (барои несту нобуд сохтани техникаи зиреҳпӯш, гарнизонҳо ва истеҳкомоти мудофиавии душман); тиккадор (барои нест кардани сарбозони душман тавассути тиккаҳое, ки ҳангоми таркиши гулӯла пайдо мешаванд. Ин гулӯла ҳангоми бархӯрд ба монеае ё дар ҳаво метаркад); картеч (гулӯлаи пур аз тирҳои майда, ки дар вақти кафидан тирҳояш пош хӯрда, талафоти бисёри ҷониву молӣ ба бор меорад); шрапнел (гулӯлаи тиккадор барои нест кардани аскарони душман. Ин гулӯла дар вақти таркидан тиккапораҳоро ба ҳаво пош медиҳад, ки ҳангоми ба замин ё болои иншоот ва дигар лавозимоти ҷангӣ афтодан сӯхторро ба вуҷуд меоранд); оташзананда (ҳадафҳоро бо таркиби оташзананда, ки ҳангоми сӯхтани он ҳарорат то 3000°С мерасад, нест мекунад); ҳастаӣ (барои несту нобуд кардани артиш ва зарбаҳои марговар задан ба иншооти бузурги ҳарбии душман истифода мешавад. Ин навъи гулӯла ҳоло таҳти назорати қатъии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, истифодаи он дар низоъҳои дохилидавлатӣ қатъан манъ карда шудааст); биологӣ (гулӯлае, ки заҳрҳои сахттаъсири биологӣ ё микроорганизмҳои заҳрноки махсус парваришёфта дорад. Барои нест кардан ё аз саф баровардани аскарони душман пешбинӣ шудааст); кимиёӣ (гулӯлае, ки баъди таркиш аз дохили он моддаҳои заҳрноки сахттаъсир ва газҳои мадҳушкунанда хориҷ шуда, ҳаво, маҳал, хӯрокворӣ ва манбаъҳои обро заҳролуд намуда, аскарони душманро ба ҳалокат мерасонанд). Ба гулӯлаҳои махсус гулӯлаҳои дудкунанда (гулӯлаҳое, ки дудҳои ғализ хориҷ мекунанд. Барои ба вуҷуд овардани пардаи дудӣ ва кӯру гумроҳ кардани нуқтаҳои фармондиҳию дидбонии душман истифода мебаранд), равшанкунанда ё нурафкан (барои шабона равшан кардани майдони ҷанг ба кор мебаранд), таблиғотӣ (гулӯлаҳое, ки ҳангоми таркиш дар фазои душман аз дохилашон варақаҳои таблиғотӣ пош мехӯранд. Барои таблиғи аскарони душман ва аҳолии маҳалҳои ба мавзеи душман наздик ба кор мебаранд), дохил мешаванд. Гулӯлаҳои ёрирасон — таълимиро дар рафти тайёрии ҷангии артиш ва санҷиш дар машқгоҳҳо истифода мебаранд. гулӯлаҳои дурпарвозро барои ба ҳадаф бехато расидан бо системаҳои инерсиалӣ (тавассути сигналҳои системаи ҳавонавардӣ; мас., GPS) идора мекунанд, мас., гулӯлаи М 982 «Excalidur». Барои нест кардани ҳадафҳои зериобӣ дар масофаи дур ҳадафмуайянкунии лазериро ба кор мебаранд. Ҳадаф бо нури лазер равшан карда мешавад ва сараки худнишонгир гулӯларо ба ҳадафи равшаншуда мебарад. Гулӯлаҳои «Copperhead» «Краснополь» «Цветник», «Сантиметр», «Китолов», «Грань» аз ҳамин қабиланд. Гулӯлаҳои кассетавии бо кассетаҳо идорашаванда низ мавҷуданд. Гулӯла кассетаро ба масофаи таъйиншуда ба болои ҳадаф мепартояд. Баъд аз ин кассета тавассути парашют поин фуромада, аз рӯи афканиши гармӣ ҳадафро ҷустуҷӯ менамояд. Гулӯлаҳои «SMArt 155» ва «BONUS-155» аз ҳамин қабиланд. Гулӯлаҳоро аз рӯи андозаи қутр (калибр) ба хурд (20-70 мм), миёна (70-155 мм барои тӯпҳои заминӣ ва то 100 мм дар тӯпҳои зенитӣ) ва калон (беш аз 155 мм барои тӯпҳои заминӣ ва беш аз 100 мм дар тӯпҳои зенитӣ) ҷудо мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулӯла // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.