Граммофон
Зоҳир
Граммофо́н (аз юн. γράμμα «сабт» + φωνή «овоз») — асбоб барои аз қартаи граммофон тавассути асбобҳои механикӣ такроран шунавонидани овоз.
Дар ИМА аз тарафи Эмил Берлинер (1888) дар асоси фонографи Томас Эдисон ихтироъ шудааст.
Граммофон аз ду қисм иборат аст: қисми аввал ҷузъ (механизм)-и пружинадорест, (фанардор)-е, ки қартаро давр мезанонад: қисми дуюм сӯзани ба мембрана васлшуда мебошад. Ҳангоми кори граммофон нӯги сӯзан дар рӯйи рахҳои қартаи даврзананда ҳаракат карда, лапишҳоро ба мембрана мегузаронад ва карнай (рупор) ин лапишҳоро тақвият мебахшад. Граммофон то солҳои 20 ва навъи бештар паҳншудаи он — патефон то солҳои 40 асри 20 маъмул буданд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Граммофон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.