Jump to content

Глутатион

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Глутатион
Общие
Хим. формула C₁₀H₁₇N₃O₆S
Таснифот
Рег. номер CAS 70-18-8
PubChem
Рег. номер EINECS 200-725-4
SMILES
InChI
ChEBI 16856
ChemSpider
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного.

Глутатион, (γ-глутаминил-систеннилглитсин) — трипептиде, ки аз боқимондаи се аминокислота — кислотаи глутаминат, систеин ва глитсин ҳосил шудааст. Хусусияти сохтори глутатион ин банди пептидӣ байни систеин ва кислотаи глутаминат мебошад, ки дар он гурӯҳи γ-карбоксилӣ иштирок менамояд. Глутатион дар таркиби ҳама гуна мавҷудоти зинда вуҷуд дорад. Он барои реаксияҳои оксиду барқароршавӣ муҳим мебошад, зеро гурӯҳи сулфгидрили (SH-)-и систеин қобилияти ворид шудан ба реаксияи баргардандаро дорад.

Глутатион фаъолияти баъзе ҳормонҳои табиаташон сафедавиро пурзӯр карда, ба таъсири ферментҳои гуногун тақвият мебахшад, барои оксигенро пайваст намудани ҳемоглобин ва онро аз шуш ба бофтаҳо кашондани хун мусоидат менамояд. Ихтилоли мубодилаи глутатион боиси сар задани камхунии ҳемолизӣ, бемории ҳемолизии навзодон ва ғ. мегардад.

  • Будников Г. К. Электрохимическое определение глутатиона. М., 2004;
  • Некрасова Г. Ф., Некрасова О. А. Оценка основных сред обитания живых организмов. Екатеринбург, 2007.