Jump to content

Вентилятор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вентилятор (лот. Ventilo — бод медиҳам), бодкаш, боддеҳ — механизми паррадор барои таҳвили ҳаво ё газ бо фишори на зиёда аз 12-15 кН/м² (0,12-0,15 кгс/см2).

Вентилятор барои тоза кардани ҳавои биною конҳо, аз агрегатҳои деги буғу кӯраҳо баровардани газҳои дуддор, хушконидани масолеҳ, хунук кардани ҷузъҳои мошину механизмҳо, ба вуҷуд овардани садди ҳавоӣ, интиқоли пневматикии масолеҳи пошхӯрандаю нахдор, бо ҳаво таъмин намудани баъзе равандҳои технологӣ, сард гардонидани радиаторҳо, конденсаторҳо, компютерҳо, додани ҳаво истифода мешавад. Баъзе роҳҳои муташаккили тоза кардани ҳавои биноҳо ҳанӯз дар замонҳои қадим истифода мешуданд, ки то аввали асри 19 аз шамолдиҳии табиӣ иборат буд. Дар аввали асри 19 тарзи боддиҳие пайдо шуд, ки тавассути ангезиши ҳароратӣ (гармкунӣ) ҳавои вориду хориҷшавандаро ба ҳаракат меовард. Вентиляторҳое, ки тавассути ангезиши механикӣ ҳаворо ба ҳаракат медароварданд, охири асри 20 пайдо шуданд. Ғайр аз вентиляторҳои саноатӣ, навъҳои гуногуни вентиляторҳои бисёрҷабҳа, каналӣ, маишӣ (рӯйифаршӣ, саримизӣ, овеза) маъмуланд. Дар шароити гарми Тоҷикистон вентиляторҳои маишӣ васеъ истифода мешаванд. Онҳо бо андоза, шумораи парраҳо (аз 3 то 6-то), сифату самаранокӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Парраҳои вентиляторҳоро, одатан, аз пластика, аҳёнан аз чӯб ё филизз месозанд. Суръати чархзанӣ ва аз як сӯ ба сӯйи дигар тоб хӯрдани онҳоро ба таври автоматӣ ба танзим медароранд. Мувофиқи сохт ва усули корӣ вентиляторҳо марказгурез ё радиусӣ, меҳварӣ (аксиалӣ), қутрӣ ё тангенсиалӣ (тамосӣ), бепарра мешаванд. Дар вентилятори марказгурез чархи паррадор даруни ғилофи печдор (спиралӣ) ҷойгир аст, ки ҳангоми давр заданаш ҳаво аз сӯрохии боддаро ба каналҳои байни парраҳо даромада, аз таъсири қувваи марказгурез ба ғилофи печдор интиқол меёбад ва аз бодбарои он берун мебарояд. Дар вентилятори меҳварӣ чархи паррадор, ки дар ғилофи устувонаӣ ҷойгир аст, давр зада, ҳавои воридшударо ба самти меҳвар тела медиҳад. Вентиляторҳои меҳварӣ аз вентиляторҳои марказгурез одитаранд, зариби кори судманди зиёд доранд, ҳангоми тағйир ёфтани самти даврзании чархашон самти ҳаракати ҳаворо дигар мекунанд (реверсивӣ), вале зери фишори баланд кор карда наметавонанд. Вентиляторҳои қутрӣ чархи марказгурези парраҳояш қатшуда доранд, ки қисман дар ғилофа ҷойгир аст. Ҳангоми давр задани чарх майдони нобаробари (ғайрисимметрии) гирдбодӣ пайдо мешавад, ки ҳаворо ба самти қутрӣ равон мекунад. Дар ин маврид тавассути панҷараи даврзанандаи парраҳои чарх интиқоли дукаратаи ҳаво ба амал меояд. Вентиляторҳои қутрӣ фишорҳои баланд (нисбат ба вентиляторҳои марказгурез ва меҳварӣ) ҳосил мекунанд ва самараноктаранд. Дар вентилятори бепарра олати фишоровар, ки дар мобайни вентилятор ҷойгир аст, ҳаворо аз тарқишҳои борики чавкот (рамка)-и калон (ки аз он сели асосии ҳаво мегузарад) интиқол медиҳад. Ба туфайли пайдо шудани равандҳои аэродинамикӣ ҳавои аз тарқишҳо интиқолёбанда сели ҳаворо бо худ мекашад. Асосан ҳавои атроф ба туфайли тунукшавиаш, ки ба шакли чавкот вобастагӣ дорад, аз ақиб ба дарун кашида мешавад. Дар натиҷа ҳаҷми ин сели ҳаво аз ҳаҷми ҳавое, ки олати фишоровар интиқол додааст, 15-18 баробар меафзояд. Самти сели ҳаворо ба тавассути иваз кардани вазъи чавкот тағйир додан мумкин аст. Чавкоти вентилятори бепарраро ҳалқашакл ё байзашакл месозанд. Вентилятореро, ки ҳавои дуддорро интиқол медиҳад, вентилятори дудкаш, вентилятореро, ки ҳавои чангнокро мекашад, вентилятори чангкаш, вентилятори дар бомҳо васлшударо вентилятори бомӣ меноманд. Инчунин вентиляторҳои натарканда ва ба таъсири кислота тобовар истеҳсол мешаванд.