Jump to content

Болливуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Болливуд: таронаҳо ва рақсҳо

Болливуд (ҳиндӣ: बॉलीवुड), (англ. Bollywood) — киностудия дар Ҳиндустон, дар шаҳри Мумбай ҷойгир аст. Дар Болливуд қариб шаш млн нафар коргардон, актёр, продюсер, наворгир, рассом, оҳангсоз, кинодраматург ва корманди техникию маъмурӣ фаъолият менамоянд. Соле то ҳазор филми бадеӣ, тасвирӣ, ҳуҷҷатӣ истеҳсол мекунад. Дахлу харҷи солонааш беш аз 1,3 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад..

Номгузории «Болливуд» аз ду вожа — Бомбей бо Ҳолливуд[1] баромадааст. Вожаи «Болливуд» дар радифи пайдошавии вожаи «Толливуд» дар соли 1932, маънояш синамои Банғолаи Ғарбӣ (дертар синамои забони телугу), дар ш. Калкута ба миён омадааст. Ин тақлидкорӣ дар номгузорӣ ба дигар марказҳои истеҳсоли синамои кишавар паҳн шуд.[2].

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Болливуд дорад