Jump to content

Бешуурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бешуурӣ — тавсифи ҳолатҳо, равандҳо ва хусусиятҳои равонии одам, ки ба доираи шуури ӯ дохил намешаванд, аммо ба рафтори ӯ таъсир мерасонанд.

Бешуурӣ маҷмӯи амал, раванд ва ҳолатҳои равоние мебошад, ки шахс дар зуҳуроти онҳо ба худ ҳисобот дода наметавонад. Бешуурӣ аз шуур бо он фарқ мекунад, ки ҳақиқати инъикоскарда бо ҳиссиёт, таассуроти шахс, бо муносибати ӯ бо олами иҳотакарда пайваст шуда, назорати ихтиёрӣ ва баҳодиҳӣ ба натиҷаи он ғайри имкон мегардад. Дар бешуурӣ ҳодисаҳои гузашта, ҳозира ва оянда дар як амали равонӣ муттаҳид мешаванд (мас., дар хоббинӣ). Бешуурӣ дар шаклҳои ниҳоят барвақти маърифати ҳақиқат аз ҷониби кӯдак, дар тафаккури ибтидоӣ, фаросат, ҳаяҷон, воҳима, гипноз, хоббиниҳо, амалҳои одатшудаи ӯ ифода меёбад. Бешуурӣ қисмати муҳимтарини сохти равон (психика) буда, ахбореро дар бар мегирад, ки ҳаяҷону ангезаҳои ғаризавӣ, эҳсосу ёддоштҳои як вақтҳо аз тарафи шуур маҳдудшударо дар худ ҷой додааст. Бешуурӣ, мувофиқи ақидаи равоншиноси австриягӣ Зигмунд Фрейд, сарчашмаи фаъолии шахс мебошад. Ӯ Бешууриро бо мафҳуми «Вай» (дар китоби «Ман ва Вай») ифода намудааст. Бешуурӣ аз рӯйи мазмуни худ деги ҷӯшони ғаризаҳо, ҳаяҷонҳо ва майлҳоро мемонад, ки доимо зоҳир гашта, аз инсон қонеъшавиро талаб мекунанд. Аммо меъёру арзишҳои ҷамъбастӣ ба зуҳуроти онҳо имконият намедиҳанд.

Унсурҳои бешуурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Унсурҳои бешуурӣ амалҳои барғалат, хобҳо ва майлҳо мебошанд. Ба амалҳои барғалат дохил мешаванд:

  • саҳви сухан
  • саҳв дар навишт
  • хатоиҳо
  • фаромӯшкунӣ
  • худгумкунӣ

Хоббинӣ аксуламали равонӣ ба ангезаҳои дар хоб таъсиркунанда мебошад. Хоббинӣ як навъ роҳест ба сӯи маърифати бешуурӣ. Ҳар як унсури хоб майли дар зери рамзҳо рӯйпӯшбудаи инсонӣ аст. Таҳлили ин унсурҳо майлу хоҳишҳои пинҳониро ошкор менамоянд.

  • Фрейд З. Введение в психоанализ. Лекции. СПб, 2001;
  • Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.