Бемории қанд
Зоҳир
Бемории қанд | |
---|---|
Ихтисос | Diabetology, endocrinology |
| |
МКБ-10 | E10.-E14. |
МКБ-9 | 250 |
MedlinePlus | 001214 |
eMedicine | med/546 Шаблон:EMedicine2 |
MeSH | D003920 |
Бемории қанд, диабети қанд (лот. diabetes mellītus) — бемории муттасиле, ки ба он баландшавии сатҳи қанди хун бар асари норасоии инсулин (гормони ғадуди зери меъда) хос аст.
- диабети қанди навъи 1 — беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва дар натиҷаи ин ба бадани бемор доруи инсулин гузарондан лозим меояд;
- диабети қанди навъи 2 — беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва ин беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хунаш дору истеъмол намояд ё бо таъйиноти духтур ба баданаш доруи инсулин гузаронад;
- осеби диабети қанд — осеби рагҳои хунгузари шахсони мубталои диабети қанд, ки дар асари он шабакияи чашм аз ҳам рехта, беморро нобино мегардонад (ретинопатияи диабети қанд); ба гурдаҳо таъсир гузошта, боиси хурӯҷи заъфи гурдаҳо мешавад (нефропатияи диабети қанд); аз он пойҳои бемор дардманд гашта, захмҳои трофикӣ пайдо шуда, ба паҳншавии фасод ва маъюбӣ расонда, буридани пойҳои ӯро ноилоҷ мегардонад (бемории пошнаи диабети қанд) ва ғайра;
воситаҳои худназораткунӣ — тасмаи ташхисӣ ва асбобҳое (глюкометрҳое), ки имконият медиҳанд беморон мустақилона дараҷаи глюкозаи хунро муайян намоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд
- САБАБҲОИ ФАРБЕҲӢ ВА ДИАБЕТИ ҚАНД ДАР БАЙНИ КЎДАКОН(пайванди дастнорас)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |