Jump to content

Бангола

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Бангола (банголӣ: বঙ্গ, англ. Bengal) — вилояти қадимии Ҳиндустон дар поёноби д-ҳои Гангу Браҳмапутра.

Дар садаҳои 8-13 дар ҳудуди Б. сулолаи Пала, баъд Сана ҳукмрон буд. Мафҳуми Б. дар садаҳои 10-12 пайдо шуда, садаи 13 ба Салтанати Деҳлӣ ҳамроҳ карда мешавад. Дар миёнаи садаи 14 мустақил гардид. Соли 1575 Б.-ро Темуриёни Ҳинд забт карданд. Авв. садаи 18 дар ин ҳудуд давлати мустақил ба майдон омад. Соли 1757 англисҳо онро тасарруф намуда, баъдҳо ба яке аз вил-ҳои Ҳинди Британия табдил доданд. Соли 1947, дар натиҷаи тақсимот, ҳудуди Б. дар миёни ду давлат — Ҳиндустону Покистон афтод. Банголаи Ғарбӣ (марказаш Калкатта) бо аҳолии ҳиндуяш ба Ҳиндустон, Банголаи Шарқӣ (марказаш Дакка) бо аҳолии мусулмонаш ба Покистон гузашт. Соли 1971 дар ҳудуди Б. давлати мустақили дигар -Банглодеш барпо гардид.