Б
Ҳарфи кирилликии Б | |||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Бб | |||||||||||||||||||||||
Тасвир | |||||||||||||||||||||||
| |||||||||||||||||||||||
Хусусиятҳо | |||||||||||||||||||||||
Ном |
Б: cyrillic capital letter be | ||||||||||||||||||||||
Юникод |
Б: U+411 | ||||||||||||||||||||||
HTML-код |
Б: | ||||||||||||||||||||||
UTF-16 |
Б: 0x411 | ||||||||||||||||||||||
URL-код |
Б: %D0%91 |
Б (бе), ҳарфи дуюми алифбои кирилликии тоҷикӣ. Аз алифбои русӣ, ки соли. 1940 дар забони тоҷикӣ ба ҷойи ҳарфи «бо»-и классикии тоҷикӣ (форсӣ) қабул гардид, гирифта шудааст. Ҳарфи «б»-и русӣ ба «буки»-и славянии қадим мерасад. Ин ҳарф бо овози ифодашавандааш – (б) дар забонҳои авестоӣ, форсии қадим, паҳлавӣ (форсии миёна), алифбои арабӣ, ки дар забони тоҷикӣ аз садаи 8 то соли. 1929 маъмул буд, бо номи бо (бе) ба назар мерасад. Ҳарф – овози «б» дар забонҳои сомӣ бо номи «бет» (beth), юнонӣ «бета» (beta), лотинӣ ва забонҳое, ки алифбояшон дар асоси алифбои ин забон мураттаб гардидаанд, вуҷуд дорад. Дар забони тоҷикӣ овозе, ки ин ҳарф ифода мекунад, ҳамсадои таркандаи лабулабии ҷарангдор аст.
Ҳарфи Б дар забони тоҷикӣ ба гунаи навишти русӣ ва лотиниаш вазифаҳои бисёре дорад. Масалан, ба маънои шумораи «дуюм» дар мактаби миёна – синфи 6б, дар мактаби олӣ – курси 1, гурӯҳи «Б», дар навишти қонунҳо, санадҳо, асарҳои илмӣ (кори дипломӣ, рисолаи илмӣ (диссертатсия), мақолаи илмӣ ва ғайра), барои ифодаи моддаҳо, бандҳо, бобҳо, фаслҳо ба кор бурда мешавад. Шакли лотинии ҳарфи Б – В, ки дар забони тоҷикӣ аз соли. 1929 то 1940 маъмул буд, дар тиб барои ифодаи доруҳои таъсирашон баланд (пуртаъсир), чун номи витамин, чун гурӯҳи хуни инсон, дар таҷҳизоти электронӣ, барои ишораи кишвари Белгия, дар нишонаҳои байналмилалии роҳу нақлиёт, чун нишондиҳандаи дараҷаи сиёҳии ранги қалам (В, В1, В2), дар шоҳмот чун аломати радаи дуюми амудии хонаҳои тахтаи шоҳмот – ифодагари хаттии муҳраи фил ва ғ. истифода мешавад. Б дар илми нуҷум аломат ва рамзи бурҷи Ҷавзо (Ҳамал, Дупайкар, Тавъамон) ва ғ. аст. / В. А. Капранов, О. Ҳ. Қосимов.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. М., 1969;
- Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1987;
- Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷ. 1. Д., 2010;
- Русская грамматика. Т. 1. М., 1982;
- Фасмер М. Этимологический словарь русского языка, М., 1987;
- دائرةالمعارفبزرگاسلامی. ج۱۰. تهران،۱۳۸۰
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.