Арнаб
Зоҳир
Номи расмӣ | лот. Lepus[1] |
---|---|
Номи кӯтоҳ | Lep |
Номида ба шарафи | rabbit[d] |
Ҳаммарз бо | Orion[d], Monoceros[d], Canis Major[d], Columba[d], Caelum[d] ва Eridanus[d] |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Арнаб (аз ар. الأرنب — харгӯш, лот. Lepus) — бурҷи Нимкураи Ҷанубии осмон, масоҳаташ 290,3 градуси мураббаъро фаро гирифта, 72 ситораи ба чашм аёнро дорост.
Арнаб бурҷи қадима буда, ба каталоги «Алмаҷастӣ»-и Батлимуси Калузӣ (Клавдий Птолемей) шомил аст. Ситораҳои дурахшонаш Арнаб (α Lep) — 2,58m ва Ниҳал (β Lep) — 2,84m. Ситораи R Lep яке аз ситораҳои сурхи тағйирёбандаи осмон буда, нахуст онро олими немис Иоганн Фридрих Юлиус Шмидт (1825—1884) таҳқиқ намудааст. Ахтаршиноси англис Ҷон Рассел Хайнд (1823—1895) онро «ҳамчун қатраи хун дар манзари сиёҳ» номидааст. Даври гардишаш дар гирди Офтоб 432,47 шабонарӯз буда, тобишаш аз 5,9 то 10,5 бузургии ситоравӣ тағйир меёбад. Арнаб дар арзҳои аз +63° то −90° намоён аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арнаб / М. Холов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.