Jump to content

Титаник

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Суроға: 41°43'55" с. ш. 49°56'45" §. д. / 41.73194° с. ш. 49.94583° §. д. / 41.73194; -49.94583 (G) (O)«Титаник» (англ. Titanic) — киштии бритониёвии уқёнусии Атлантик, синфи лайнери дуюм "Олимпик". Лоиҳа ва сохтмони ин кишти бо супориши корхонаи киштигарди "White Star Line" аз соли 1909 то 1912 дар корхонаи киштисозии "Harland and Wolff" сохта шудааст. Замони ба кор даровардан, калонтарин киштӣ дар ҷаҳон буд. Шаби 14 ба 15 апрели соли 1912 ҳангоми сафари аввал дар шимоли атлантик бо айсберг бархурда дучори садама мегардад.

Титаник бо ду мошинаҳои роҳрав ва турбинаҳои роҳрави чорсилиндра ҷиҳозонида шуда буд. Ҳамаи дастгоҳҳои ҳаракатовар иқтидори 55,000 қ.а. дошт. Киштӣ дорои суръати то 23 тугун (42 км/с)-ро дошт. Зарф ва андозаву эътидоли киштӣ - як намуд "Олимпик" ба 243 т. яъне 52,310 т. ташкил медод. Бадани киштӣ аз пӯлод сохта шуда буд. Таҳхона ва саҳни поёнии киштӣ ба 16 купеи паи ҳам бо дарҳои герметикӣ (ҳавоногузар) ҷудо мешаванд. Ҳангоми шикастан ё хароб гаштани поёни киштӣ, таги дуқабата инҷо монеа шуда, обро ба купе гузаштан намегузорад. Маҷаллаи "Shipbuilder" зикр карда буд, ки "Титаник" амалан ғарқнашаванда аст, ин хабар дар ҷараён ва миёни ҷомеа хеле паҳн гашт. Мутобиқи қоидаҳои куҳна "Титаник" бо 20 заврақҳои наҷотдиҳанда таъмин буда ғунҷоиши умумӣ 1178 одам буд.

Каютаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии "Титаник" ба се синф тақсим мешуданд. Ба хидмати мусофирони синфи аввал таъмин буд, ҳавзаи оббозикунӣ, майдон барои бозиҳо, тарабхона A la carte, ду кафе, толори гимнастикӣ. Ҳамаи синфҳо дорои толори таомхурӣ, тамокукашӣ, сайргоҳи кушода ва пушида буд, ки бо услубҳои мухталифи дилнишин сохта шуда, бо истифода аз масолеҳи қимматбаҳо аз ҷумла дарахти сурх, зарҳал, шишаҳои рангин (витраж), абрешим ва ғайра. Каютаҳо ва толорҳои синфи сеюмро бо ранги сафед ё тахтабандӣ карда шуда буд.

10 апрели соли 1912 "Титаник" аз Southampton ба сафари аввалу ягонаи худ равона шуда, дар Шербурги Фаронса ва Квинстауни Ирландия таваққуф кард, баъдан бо 1317 мусофирон ва дар борт 908 аъзои фойтун (ҳайати кормандон) ба уқёнуси Атлантик ба сафар мебарояд. Фармондеҳи киштӣ Эдвард Смит буд. 10 апрел

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Титаник (филм)