Лаблабу (гиёҳ)
Лаблабу (гиёҳ) | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Beta.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Beta vulgaris L. | ||||||||||||||||
|
Лаблабу (лот. Béta vulgáris) — рустаниест як ё дусола. Бехмеваи сурх, баъзан сафед ё зард дорад.
Тавсифоти ботаникӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш рост, баргаш дилшакл ё забоншакл, гулаш майдаи сафед ё сабзча. Лаблабуро ҳамчун сабзавот парвариш мекунанд. Дар саноати хӯрокворӣ фаровон истифода мешавад. Аз он қанд мегиранд. Дар таркиби лаблабу қанд, сафеда, клетчатка, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои Е, С, В1, В2, В6, каротин (провитамини А) ва микроэлементҳо мавҷуданд.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тибби қадим лаблабуро ба сифати ғизои қабзияткушо, фасодкаш, исҳоловар ва пешоброн истифода мекарданд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино лаблабу қабзияти ҷигар ва сипурзро рафъ менамояд. Афшураи он ба ҷараб (калӣ) шифо мебахшад, доғи кунҷидакро меравонад. Баргашро ба ҷойҳои дардманд (пешакӣ бо оби ҷӯши содадор шуста) гузошта мебанданд. Афшураи лаблабу озахро нест мекунад. Бандинаи аз ҷӯшоби лаблабу тайёркарда фасоди омосҳоро мекашад. Барги дар об ҷӯшондаи лаблабу захмҳои сӯхта ва марҳами бо асал омехтаи он шукуфаро шифо мебахшад. Афшураи бо талха омехтаи онро ба бинӣ мечаконанд; он фалаҷи асаби рӯй ва ахми биниро бартараф мекунад. Шираи лаблабу барои муолиҷаи илтиҳоби гӯш даво аст. Агар бо он сарро шӯянд, сабӯсакро нест мекунад. Дар «Маъзану – л – адвия» омадааст, ки лаблабу қабзиятро мекушояд, хилти ғафси девораи меъда ва рӯдаро меҷаббад. Истеъмоли лаблабуи обпаз қабзияти сипурзро рафъ месозад, фасоди омоси онро ҷаббида мегирад. Лаблабу ҳангоми бемориҳои гурда, масона, бавосир низ муфид аст. Табибони халқӣ афшураи лаблабуро ҳангоми камхунӣ, зангила, бемадорӣ, илтиҳоби шуш, бронхит, сили шуш, ғалаёни хун ва иллати гурда ба кор мебаранд. Муддати 4 рӯз дар як шабонарӯз 3 – 4 маротиба баъди таом 0,5 – 1,0 истакон ошомидани афшураи лаблабу фишори хунро ба эътидол меорад. Ҳангоми камхунӣ афшураи бо ҳиссаи баробари асал омехтаи лаблабу (дар як рӯз 3 – 4 маротиба 0,5 истакон) тавсия дода шудааст. Лаблабуи обпаз давои исҳоловар ва пешоброн мебошад. Марҳами аз бехмева ё баргу пояи лаблабу тайёркардаро дар мавриди муолиҷаи ҷароҳатҳо, саромос, ҳафтпӯст ва захмҳои сӯхта кор мефармоянд. Ба ақидаи табибони халқӣ бо оби лаблабу ё обе, ки дар он лаблабу ҷӯшонда шуда бошад, ҳуқна кунанд, моддаҳои сахти даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, мақъади берун баромадаро ба ҷои аслиаш мебарад. Барги лаблабуро дар об ҷӯшонда дар он об вақти нимгарм шудан батакрор дасту поҳоро андозанд, аз сармо кафидани ин узвҳо дармон меёбанд. Оби барги онро бо муми занбӯри асал даромехта бимоланд, дарди варам ва доғи кунҷидакро дафъ мекунад. Барги хоми лаблабуро кӯфта гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва озахҳоро меравонад, ба ҷойҳои танга-танга мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, дарди буғумҳоро таскин медиҳад. Дар тибби муосир лаблабу ба сифати ғизои парҳезӣ васеъ истифода бурда мешавад. Аз решаи лаблабу атсенол ном модда ҷудо кардаанд, ки барои табобати гастрит ба кор меравад. Атсидол нумуи омосҳоро бозмедорад. Афшураи лаблабу хусусияти талхаронӣ дошта, ҳангоми бемориҳои ҷигару талхадон муфид аст. Лаблабуи обпаз давои қабзияти музмин маҳсуб мешавад. Ҳангоми табобати камхунӣ, иллати узвҳои ҳозима ва гурда афшураи лаблабуи хом муфид мебошад. Истеъмоли онро дар аснои бемории диабет низ тавсия медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988;
- Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.