Калтакалос
Калтакалос | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Lacertilia | ||||||||||
Мутародифот | ||||||||||
Sauria |
||||||||||
Ареал | ||||||||||
|
Калтакалос, келас, калпеса, карбоса (лот. Lacertilia, қаблан Sauria) — як навъ ҷонвар аз зерқатори синфи хазандагон.
Таснифоти зоологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино ба таснифоти зоологӣ калтакалосҳо (Sauria) яке аз зерқаторҳои синфи хазандагон мебошанд (боҳтур, сусмор ва буқаламунро низ дар бар мегиранд).
Тавсифоти зоологӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарозии танаашон аз 3,5 см то 3 м (аждари Комодо). Танаи калтакалосҳо паҳни дарозруя ва пӯсташон шахшули дағар-буғур аст. Баъзе намудҳои калтакалосхо пойҳои бақуввати панҷадор дошта, баъзеи дигарашон умуман бепой ва ба мор монанданд. Пардаи чашми аксар калтакалосҳо мутаҳаррик аст. Дандонҳои калтакалосҳо ду хеланд: плевродонтӣ (дандонҳое, ки ба ком часпидаанд) ва акродонтӣ (дандонҳое, ки дар вора ҷой гирифтаавд). Дандони калтакалосҳои заҳрдор новакҳои махсус дорад, ки ҳангоми газидан аз он заҳр ҷорӣ мешавад. Забони калтакалосҳо низ гуногун аст. Забони баъзеи онҳо паҳну ғафс (масалан, забони офтобгардакҳо ва гекконҳо), баъзеи дигарашон дарози душоха (масалан, забони сусморҳо) ё ниҳоят борик (масалан, забони буқаламунҳо) мебошад. Ранги калтакалосҳо гуногун буда, одатан, вобаста ба муҳит тағйир меёбад (хусусан ранги калтакалоси бешаҳои тропикӣ).
Ба аксар калтакалосҳо диморфизми ҷинсӣ хос аст. Бисёр калтакалосҳо ҳангоми онҳоро таъқиб кардани душман думи худро мепартоянд. Думи партофтаи калтакалос баъзан то чанд соат меҷунбад ва бо ҳамин диққати душманро ба худ ҷалб мекунад. Калтакалосҳо аз эзозухий — хазандаҳои мурда-рафтае, ки боқимондаи онҳо аз таҳшинҳои перми боло ва триаси Амрикои Ҷанубӣ ёфт шудаанд, ба вуҷуд омадаанд. Калтаклосҳои ҳозира аз охири давраи юра маълуманд. Калтакалосҳо дар замин, дарахт, шахсорон, зери хок ва дигар ҷойхо зиндагӣ мекунанд. Узвҳои сомеаи калтаклос нағз ва узвҳои шоммаашон нисбатан суст инкишоф ёфтаанд. Ҳарорати бадани калтаклосхо ба харорати муҳит баробар мешавад, бинобар ин онҳо зимистон ба хоб мераванд. Ғизои аксар калтакалосҳо ҳашарот, тортанак, кирм ва нармбаданҳо мебошанд. Калтакалосҳои калон муш, калламуш, парранда, қурбоққа, мор ва лоша мехӯранд. Дар байни баъзе намудҳои калтакалос ҳодисаи канибализм вуҷуд дорад, яъне калтакалосҳо калон калтакалосчаҳои хурдро мехӯранд.
Калтакалосҳо аз паи парвариши насли худ намешаванд ва бинобар ин бачаи онҳо баъди аз тухм баромадан мустақилана зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон 29 намуди калтакалос дучор меояд (асосан дар ҳамвориҳо сукунат доранд).
Калтакалос миқдори зиёди ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлоқро нобуд карда, фоида меоранд. Дар бадани калтакалос баъзе ҳашароти хунмак ва канаҳо зиндагӣ мекунанд ва бинобар ин онҳо боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ гардида метавонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Жизнь животных,т. 4, ч. 2, М., 1969;
- Банников А. Г. Земноводные и пресмыкающиеся СССР, М., 1971;
- СаидАлибов С. А., Земноводные и пресмыкающиеся Таджикистана, Душанбе,. 1974.