Иқлим
Иқлим (арабии اقلیم) — низоми чандинсолаи обу ҳаво (ҳодисаҳои атмосферӣ)-и маҳал. Низом гуфта маҷмӯи шароит ва давомнокии тағйироти обу ҳаворо дар назар доранд. Афканиш ва сарфи энергияи нурҳои Офтоб дар сатҳи Замин ва даврзании атмосферӣ (системаи ҷараёнҳои ҳаво, ки гармию намӣ меоваранд, инчунин ивазшавии амудии гармию намӣ дар атмосфера) раванди асосии ташкилкунии И. ба ҳисоб меравад. Иқлим аз шароитҳои ҷуғрофӣ: арзи ҷуғрофӣ, баландӣ аз сатҳи баҳр, шакли релеф ва ғ. вобаста мебошад. Дар ташаккули иқлим нақши инсон низ калон аст. Иқлим доимо якхел набуда, тағйир меёбад. Пажӯҳиши таҳнишастҳо, боқимондаҳои зеризаминии олами наботот ва ҳайвонот, радиоактивияти ҷинсҳои кӯҳӣ ва ғ. нишон медиҳанд, ки Иқлими Замин дар давраҳои гуногун ба куллӣ тағйир ёфтааст. Дар давоми таърихи геологӣ бо сабабҳои гуногун гармиву хунукшавии иқлими Замин, ки ҳазорон сол давом дошт, қайд шудааст. Дар тағйири И. хусусиятҳои физикии фазои атрофи Замин ва мавқеи он нисбат ба Офтоб, тағйироти ҳудуди хушкӣ ва уқёнусҳо, ташаккул ва вайроншавии кӯҳҳо, дигар шудани самти ҷараёни уқёнусӣ таъсири калон мерасонанд. Қувваҳои баландкунандаи сатҳи оби баҳру уқёнусҳо (мадд) ва хуруҷи офтоб боиси тез тағйир ёфтани иқлим мегарданд. Барои фарқ кардани иқлими ҷойҳои гуногун аз мафҳумҳои макроиқлим, микроиқлим ва мезоиқлим истифода мебаранд. Макроиқлим хусусияти иқлими сатҳи васеи Замин, микроиқлим хусусияти сатҳи қитъаҳои хурдтарин – иқлими ягон маҳал ва мезоиқлим хусусияти байни макроиқлим ва микроиқлимро ифода мекунанд.
Анвоъи иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими тропикҳо, субтропикҳо, арзҳои муътадил ва қутбӣ, биёбон, пиряхҳо ва мавзеъҳои баландкӯҳ аз якдигар тафоввут доранд. Вобаста ба арзҳои пажӯҳишшаванда иқлими баҳрӣ ва континентиро аз ҳам ҷудо мекунанд. Иқлими континентӣ намноки муътадил аст. Аз як мавсим ба мавсими дигар хеле фарқ кардани ҳарорати ҳаво хусуситяи асосии иқлими континентӣ мебошад. Чунончи, дар маркази Сибир тафоввути ҳарорати байни зимистон ва тобистон ба 100 мерасад. Иқлими баҳрӣ бошад, сернам буда, ҳарораташ дар тропикҳо ва дар ноҳияҳои қутбӣ тафоввути калон дорад. Масалан, дар хати истиво ҳарорати ҳаво наздики 26 буда, чандон тағйир намеёбад. Иқлими биёбонҳо хушк аст ва фарқи ҳарорати шабонарӯзию солонаи он хеле зиёд аст. Таснифоти иқлимшиноси шӯравӣ Б. П. Алисов маъмултарин ба шумор меравад. Б. П. Алисов таъсири радиатсия ва гардиши атмосфераро дар арзҳои мухталиф ба назар гирифта, Нимкураҳои Шимолӣ ва Ҷанубиро ба минтақаҳои арзии хати истивоӣ, тропикӣ ва арктикӣ (антарктикӣ дар Нимкураи Ҷанубӣ) ҷудо намудааст. Ҳудуди ин минтақаҳо ба иваз шудани зимистон ба тобистон тағйир меёбанд ва аз ҳамин сабаб боз ба се минтақаи мобайнӣ – субэкваторӣ, субтропикӣ ва субарктикӣ (субантарктикӣ) вуҷуд дорад.
Иқлими Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Тоҷикистон дар минтақаи субтропики Нимкураи Шимолӣ ҷойгир шудааст. Иқлими он асосан континентӣ буда, боду ҳавояш зуд-зуд иваз мешавад. Ҳудуди Тоҷикистон дар ҷои таъсири якчанд ҷараёнҳои шиддатноки гардиш воқеъ аст. Яке аз онҳо антисиклони сибирӣ дар фасли зимистон аст. Мавҷҳои сард аз Арктика то ҳудуди ҷанубии Тоҷикистон мерасанд, аммо кӯҳҳо, ки кишварро аз шимолу шарқ иҳота кардаанд, барои нигоҳ доштани ҳавои сард мусоидат мекунанд. Даромадани ҳавои сард дар фасли зимистон , одатан дар натиҷаи нуфузи анбӯҳи ҳавои тропикӣ рӯй медиҳад. Ҷараёни муҳимми дигари атмосферӣ – афсурдагии ҳароратӣ тобистонҳо бештар аст. Ба шаклгирии он наздикии биёбонҳо кӯҳҳои баланд мусоидат карда ҳавои соф, хушк ва хеле гарм ба он хос аст. Дар фаслҳои зимистон ва баҳор сиклонҳои ғарбӣ боришҳои зиёди беист меорад.
Ҳарорати солона ба ҳисоби миёна, вобаста ба баландии маҳал аз +17 дар биёбонҳои гарми ҷанубӣ то -6 дар баландкӯҳҳои Помир аст. Баландтарин ҳарорат дар моҳи июл ва пастаринаш дар моҳи январ мушоҳида мешавад. Помири Шарқӣ бо иқлими бисёр сарди худ, ки ба 63 мерасад, фарқ мекунад. Дар ҷануби кишвар ҳадди аксари ҳарорат ба +47. Ҳамин тариқ, тафоввути ҳарорати баландтарин ва пасттарин дар гӯшаву канори гуногуни кишвар аз 100 зиёд аст.
Тақр. 75% бориши солона ба фасли зимистон рост меояд. Дар минтақаҳои кӯҳистони, ки барои дохилшавии анбӯҳи ҳавои намнок кушода аст, бориши қисмати бештари бориш ба назар мерасад. Кӯҳҳои баланд таъсири сояафкании орографӣ дода, баъзе ноҳияҳоро, ки камборишанд, аз анбӯҳи нам нигоҳ медоранд. Ба онҳо водиҳои чуқуру танги кӯҳӣ ва платои баландкӯҳ дар шарқи Помир, ки ба он ҷо бориши кам – камтар аз 100мм хос аст, дохил мешаванд. Дар биёбонҳои пасти гарм, дар ҷануби Тоҷикистон низ бориш кам аст. Ҳадди аксари бориш дар кӯҳҳои Тоҷикистони марказӣ ба назар мерасанд, ки он бештар аз 1000–1800 мм дар солро ташкил медиҳад.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |