Jump to content

Зира

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зира
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Cuminum cyminum L., 1753

Зи́ра́[1][2] (лот. Cumīnum cymīnum) — рустании бисёрсолаи алафии мансуби чатргулҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояи рост, барги пармонанд, гултӯдаи чатршакл ва гули майдаи сафеди дуҷинса, дони дарозрӯяи хушбӯй дорад. Зира дар кишварҳои Баҳри Миёназамин паҳн гаштааст. Дар Тоҷикистон зира дар доманакӯҳҳо, пасткӯҳҳо, дар нишебиҳои кӯҳ 600 то 2500 м меруяд.

Зира бисёрсола буда, ҳар сол аз лӯндабехаш мерӯяд, инчунин аз тухмаш низ афзойиш меёбад. Дар тамоми Тоҷикистон (ба ғайр аз закзаминҳо ва шӯрзаминҳо) дар кӯҳдоманҳо ва алафзору бешазорҳои кӯҳӣ вомехӯрад. Дони хушбӯйи ин гиёҳ, ки ҳамчунин зира ном дорад, дар баробари яке аз дегафзорҳои (хӯришҳои) асосии пазандагони тоҷик будан, ҳазорҳо сол боз дар байни мардуми мо ҳамчун дармони дардҳои гуногун низ ба кор меравад. Зираро миёнаҳои тобистон баъд аз пухта расидани донаш ва зард шудани пояаш меғундоранд.

Хосиятҳои шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум хушк аст, вале ба қавли баъзе табибон гармӣ ва хушкиаш дар дараҷаи саввум мебошад.

Зира барои одамони хунукмизоҷ, пирон ва балғаммизоҷон бисёр фоида дорад. Чун инро бо хӯришҳои хушбӯйи таом, масалан, бо шибит ва дорчинӣ, ҳангоми пухтани гӯшти бадҳазм дохил намоянд, онҳоро сабукҳазм, қавӣ мегардонад, дарунро мулоим менамояд, пешобро меронад ва бодҳоро таҳлилдиҳанда мебошад.

  1. Ударение на первый слог — в соответствии с изданием:
    Русский орфографический словарь: около 200 тысяч слов / Российская академия наук. Институт русского языка им. В. В. Виноградовой / Под ред. В. В. Лопатина, О. Е. Ивановой. — Изд. 4-е, испр. и доп. — М.: АСТ-ПРЕСС КНИГА, 2013. — 896 с. — С. 225. — ISBN 978-5-462-01272-3
  2. Ударение на последний слог — в соответствии с изданием:
    Белодубровская Г. А., Гончаров М. Ю., Жохова Е. В. и др. Большой энциклопедический словарь лекарственных растений: учебное пособие / под ред. Г. П. Яковлева. — 3-е изд., испр. и доп. — СПб.: СпецЛит, 2015. — С. 223, 263. — 759 с. — 1 000 экз. — ISBN 978-5-299-00528-8.