Заминдор
Заминдор (аз форсӣ: دار زمین) – соҳиби замин, молики милк), унвони меросии гурӯҳе аз ашрофи маҳаллӣ дар Ҳинди асримиёнагӣ, ки нисбат ба ҷогирдор имтиёз дошт, то вориси худро мустақилона интихоб кунад; дар қитъаи заминаш ҳаҷм ва усули ҷамъоварии андозро аз маҳсулоти кишоварзӣ муқаррар намояд. Аксари заминдорҳо ашрофи ҳинду буданд, ки баъди ишғоли минтақаи сукунаташон аз ҷониби мусулмонон, ба ҳукумати ин ё он сулолаи ҳукмрони Ҳинд тобеъ гардиданд. Заминдор тавассути кишоварзон қитъаи заминашро корида, уҳдадор буд, ки новобаста ба масоҳати майдони кишту ҳаҷми ҷамъоварии маҳсулот андози муқаррарии солонаро ба хазинаи ҳукумат супорад. Давлат танҳо дар сурати хиёнат варзидан ба ҳукумати марказӣ ё сарпечӣ кардани заминдор аз пардохти андоз метавонист заминҳои ӯро бозпас гирад. Дар аҳди Ҷалолуддин Муҳаммади Акбар қисми зиёди заминдорон дар минтақаҳои кӯҳистони дурдаст, аз қабили Роҷпутон, Орис, Бирор, Кобул, Гуҷарот ва Бангол имтиёзҳои худро ҳифз карданд. Баъди фавти Акбар аксарияти заминдорон ба хидмати дарбор роҳ ёфта, изофа бар қитъаи заминашон ҷогир гирифтанд ва оҳиста-оҳиста фарқи заминдорӣ ва ҷогирдорӣ аз миён рафт.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ад.: Антонова К. А. Очерки общественных отношений и политического строя Могольской Индии времен Акбара (1556–1605). М., 1952; Ашрафян К. З. Аграрный строй Северной Индии (XIII – середина XVIII в.). М., 1965; .بهمنیان دورۀ در دکن اسالمی-ایرانی تمدن و فرهنگ. معصومی .Ҳусайнов. С تهران، ۱۳۸۹ ه. ش.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заминдор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 4. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.