Jump to content

Дуо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дуо дар масҷид

Дуъо (ар. دعاء‎), дуо — навъест калом дар адабиёти шифоҳӣ, ки дар шаклҳои ҳам манзум ва мансур баён мегардад ва аз лиҳози мақсаду муроди гӯянда ва контекст навъҳои гуногун дорад.

Дуъо дар рӯзгори мардуми тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар рӯзгори мардуми тоҷик дуо вобаста ба вазоифи он, эътибору таъсирнокии сухан ва арзиши муҳими иҷтимоӣ доштанаш хеле зиёд ба кор меравад. Ҳарчанд ки дуо дар шакли назм низ баён мешавад, аммо он асосан мутааллиқ ба насри шифоҳист. Дуо ба мисли дигар жанрҳо вазифа, сохтор ва хусусиятҳои  худро дорад. Сохтори дуо иборат аст аз оғоз, ки бештар дар он ба Худо муроҷиат карда мешавад, масалан, илоҳо омин ё худ парвардигорро; сипас орзую хоҳишу талаб баён мегардад ва дар анҷом таъбири омин, Оллоҳу акбар зикр меёбад. Инчунин дар қисмати хоҳишу талаби дуоҳо зикру тавсифҳои Худою Расул, дигар пайғомбарон, чор ёрон, наздикони пайғомбар, имомҳо  ва баъзе чеҳраҳои асотирӣ низ мавқеъ пайдо мекунанд. Масалан:

Омин. Шукронаи неъмат, дафъи бало, оқибати кор ба хайр. Фотиҳаи касмакасон, ина хӯру боз расон. Поко парвардигорро Хуҷаи Хизр назар кунад. Бобои Деҳқон назар кунад, дастархони пури бафайз шавад. Пири бадавлат шавед. Омин, Оллоҳу Акбар!

Дуоҳо вобаста ба ҳадафу мазмун ва мавриди гӯиш намудҳои зиёд доранд: дуои фотиҳа ё кушоиши кор, дуои сари дастурхон, дуои сафар, дуои хоси маросимҳо, дуои хатми Қуръон, дуои пас аз намоз, дуои муборакбодӣ, дуои хайр ба арвоҳ, дуои табобатӣ, дуои пеш аз хоб,  нӯшбод ва ғайра.

Он чӣ аз бадеияти дуоҳо зуд маълум мегардад, сухани мусаҷҷаъ будани забони онҳо мебошад. Саҷъ дар наср ба ҳукми қофия буда, воситаест, ки матнро оҳанг мебахшад ва баёнро ширину латиф месозад. Агар аз тарафи дигар, қофияҳо дар дуоҳо марзи ибораю ҷумлаҳои содаи хурдро муайян мекунанд, яъне задаи таъкидӣ махсуси қофияҳо ба шумор меравад. Гӯянда маҳз калимаҳои қофиягиро бо оҳанги баландтар талаффуз карда, диққати шунавандагонро ба худ ҷалб мекунад ва ба ин тариқ талабу дархостҳо ва орзуҳоро як-як баён менамояд.

Мавҷудияти саҷъ дар дуоҳои мансур аз завқи зебоидӯстию суханпардозӣ, ширингуфтории мардум дарак дода, аз адабиёти китобию шифоҳии манзум таъсир гирифтааст. Аз саноеъи бадеӣ тавсиф, тазод, талмеҳ ва маҷоз ҳамчун воситаи тасвири бадеӣ дар мундариҷаи дуоҳо корбурди зиёд доранд, ки дуоҳоро чун навъи каломи бадеӣ муаррифӣ мекунанд.

Намунаҳои дуои манзум низ дар байни мардуми тоҷик кам нестанд. Онҳо аз ҷиҳати шаклу қофиябандӣ ба навъҳои маснавӣ, қитъа ва ғазал шабоҳат доранд.

Эй бор худои пуриноят,
Покиза карими бениҳоят,
Мо ғоиби худ ба ту супурдем,
Ту бозрасон бар мо саломат.
Анта рабӣ, анта мавлоӣ,
Ба сафар мерава, чӣ мефармоӣ?
Ба сафар мерава, сафар муборак.
Ба давлат рава, боз биёя соқу саломат.

Ба эътибори ҳаҷми дуоҳо шаклҳои кӯтоҳи он низ мавҷуданд, ки бо як ҷумла гуфта мешавад ва онҳо марбут ба бахши паремиологияи фолклор мебошанд. Масалан:

Илоҳо ҳазорсола шавӣ; Хока гирӣ, зар гардад; Бар калонкардагиат ҳазор раҳмат!

Ба монанди инҳо матни дуоҳои хурдҳаҷм, вале ба маънои манфӣ низ дар гуфтори мардуми тоҷик хеле маъмул аст, ки баъзе мардумшиносон онро «нафрин» номидаанд. Масалан:

Илоҳо хонаи душман сӯзад! Номат аз ҷаҳон гум шавад! Бар падарат лаънат!

Ин навъи адабиёти шифоҳӣ миёни мардум густариш ёфта, корбурди хеле зиёд дорад ва гирдоварию таҳқиқи дуоҳои тоҷикӣ ба тозагӣ оғоз шудааст.

Дар саросари кишвар фаъол аст.[1][2]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ(пайванди дастнорас)
  • Раҳимов Д. Ифодаҳои бадеӣ дар дуоҳои мардуми тоҷик // Чинори пургул. Душанбе: Фан, 2008;
  • Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. Душанбе: Озар-2000, 2004;
  •  Қаҳҳор Р. (Раҳмонӣ) Дуо гунаи фолклорӣ аст // Мардумгиёҳ, 1995-1996, №1-2, с. 209-211.