Jump to content

Деннис Габор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деннис Габор
маҷорӣ: Gábor Dénes
Таърихи таваллуд 5 июн 1900(1900-06-05)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 8 феврал 1979(1979-02-08)[4][3] (78 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Шогирдон Eric Ash[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Де́неш Га́бор (Деннис[6] Габор) (маҷорӣ: Gábor Dénes; 5 июни 1900, Будапешт — 9 феврали 1979, Лондон) — физикдони маҷористонӣ, асосгузори тамомнигорӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Оилаи Деннис Габор аз Русия ба Маҷористон муҳоҷират намуд. Деннис Габор аз овони кӯдакӣ ба физика шавқ пайдо намуда, ҳамроҳи бародараш Дердем Денеш Габор таҷрибаҳои аз китобу маҷаллаҳои илмӣ гирифтаашонро дар озмоишгоҳи хонаашон месанҷиданд. Деннис Габор маълумоти муҳандисиро дар Омӯзишгоҳи техникии Будапешт (1920) гирифта, онро дар Донишгоҳи техникии Берлин идома дод.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз ҳимояи рисола фаъолияти илмиро соли 1927 дар ширкати Siemens &Halske AG (ҳоло Siemens) шурӯъ намуда, чароғи симобии фишораш баландро ихтироъ кард. Дар соҳаҳои оптикаи электронӣ, микроскопи электронӣ, безарядшавӣ дар газҳо, физикаи плазма, техникаи алоқа таҳқиқот анҷом додааст. Соли 1933 аз Олмон ба Британияи Кабир омада, ба ширкати Thomson-Houston ба кор даромад. Соли 1947 ҳолографияро ихтироъ кард ва барои ин соли 1971 бо мукофоти Нобел қадр карда шуд. Деннис Габор инчунин ба кори узвҳои шунавоӣ ва нутқи инсон таваҷҷуҳ зоҳир карда, назарияи таҳлилии синтези грануляриро таҳия намуд. Соли 1948 ба Омӯзишгоҳи империявии Лондон ба кор рафта, соли 1958 профессор физикаи амалӣ интихоб шуд ва то ба нафақа баромадан (1967) дар он ҷо фаъолият намуд. Деннис Габор то охири умр дар Итолиё зиндагӣ кард.

Ҷоизаву ифтихорот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ узви Ҷамъиятии шоҳии Лондон (1956) ва узви фахрии АИ Маҷористон (1964) буд. Бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.