Болшевизм
Болшевизм, болшевик — намояндагони ҷараёни сиёсӣ дар РСДРП, сипас ҳизби мустақиле, ки ба он Владимир Ленин роҳбарӣ мекард.
Мафҳуми болшевизм бори аввал дар Съезди II РСДРП (1903) пайдо шуд. Баъди он ки дар интихобот мақомоти роҳбарикунандаи РСДРП тарафдорони Ленин овози бештарро гирифтанд, онҳоро болшевику муқобилонашонро, ки дар мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб назар ба болшевикҳо кам монданд, меншевикҳо (нигар Меншевизм) меномиданд. Амалан болшевизм аз соли 1983 ҳамчун ҷараёни сиёсӣ дар дохили РСДРП, баъди Инқилоби Феврал (аз апрели 1917) ҳамчун ҳизби радикалии чапгарои сиёсӣ арзи вуҷуд кардааст.
Истилоҳи болшевизм ба номи расмии ҳизб — Ҳизби сотсиал-демократи коргари (болшевикон)-и Русия дохил шуда, дар номгузориҳои минбаъдаи он — Ҳизби Коммунисти (болшевикон)-и Русия мақоми худро нигоҳ дошт. Съезди 19 ВКП (б) (1952) қарор кард, ки истилоҳи болшевизмро аз номи ҳизб бардошта, минбаъд ҲКИШ (КПСС) номида шавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Болшевизм // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.